Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛАЙМОН ЛОИК Гуломмучаддид

СУЛАЙМОН ЛОИК Гуломмучаддид

СУЛАЙМОН ЛОИК Гуломмучаддид (таваллуд 1931, Катавоз, вилояти Газнии Афгонистон), шоир ва ходими чамъиятии афгон. Дар мадраса тахсил кард. Соли 1959 факултети адабиётро хатм намуд. Мухаррири газетаи «Парчам» (1967—70). Пас аз Инкилоби Савр вазири радио ва телевизион буд. Муддате зиндони шуд. Холо вазифаи президенти Академияи улуми Афгонистон ва вазири аквом ва кабоилро дар ухда дорад. Номзад ба аъзоии Бюрои сиёсии Комитети Марказии Партияи демократии халки Афгонистон аст.

Сулаймон Лоик аз рузхои аввали ба арсаи адабиёт кадам монданаш чун шоири чуянда ва навпардоз эътироф гашт. Шеърхои бо тарзу услуби нав навиштааш дар мачмуаи «Шеъри нав» (1962) дарч шудаанд. Шоири пуштузабон буда, ба дари низ ашъори фаравон дорад. Китобхои ашъораш ба забони пушту бо номи «Чунга» («Кухи чашмахо», 1962), «Гижда» («Хаймаи сиёхи кучиён», 1976), «Ёдуна ав дармандува» («Ёдхо ва хирманхо». 1978), «Замона ав афсона» ва ба забони дари тахти унвони «Бодбон» (1981) ба табърасидааст. Дар ашъораш рухи шикастнопазири халк, муборизаи чавонони ватанпараст, умеду орзуи мардуми азияткашидаро ифода мекунад. Дар шеърхаи зиндагии худ — «Охирин харфи асир», «Бар мо гувох бош», «Ба зебои гумном», «Ба ёди шабрафтагон» ва гайра ранчу озорхо ва инчунин ифтихоротеро, ки аз озоди ва идомаи устувори Инкилоби Савр дорад, сабт намудааст. Ишку мухаббат, озодии занон низ аз мавзуъхои асосии ашъори шоир мебошанд.

Тамоми ашърри Сулаймон Лоик аз эхтироми гарм ва эътикоди кави ба Мамлакати Совети саршор аст. ДустииСССР ва Ресспубликаи Демократии Афгонистонро аз бехтарин дарёфтхои имруз медонад:

Дар Омуи фасонасаро мо ду сохилем,

У шахрати хаёти ду халк асту модилем!

Сулаймон Лоик ба адабиёти рус ва соовети таваччух дорад. Шеърхои А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов ва «Таронаи лочин»-и А. М. Горкийро тарчума кардааст. Намунахои ашъори у дар мачмуахои «Бахори Кобул» (Душанбе, «Ирфон», 1977) ва журнали «Садои Шарк» чоп шудаанд.

Осор: Диёри мардхез, Душанбе, 1981.

Лоик Шерали.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.