Маълумоти охирин
Главная / Техника / СТАБИЛИЗАТОРИ ЭЛЕКТРИ

СТАБИЛИЗАТОРИ ЭЛЕКТРИ

stabilizator

СТАБИЛИЗАТОРИ ЭЛЕКТРИ тачхизотеро номанд, ки барои автомати, новобаста аз лаппиши шиддат дар шабакаи чараёни электр ва муковимати электрии истеъмолкунанда, бетагиир нигох доштани киматхои шиддат (дар «мадхал»-и кабулкунакхои энергияи электр — стабилизатори шиддат) ва кувваи чараён (дар занчири электри — стабилизатори чараён) таъин шудааст. Барои стабилонии шиддат аз стабилизаторхои ферромагнити (аз чумла стабилизаторхои феррорезонанси) истифода мебаранд. Стабилизатори электрии электрони, ки аз асбобхои нимнокили ва баъзан лампахои электрони таркиб ёфтааст, низ ба хамин максад истифода мешавад. Дар СССР Стабилизатори электрии ферромагнитии якфаза ва сефазаи шиддати тагйирёбандаи иктидораш аз даххо ВА то садхо кВА ва Стабилизатори электри нимнокилии шиддати доимии иктидораш аз якчанд Вт то даххо кВт истехсол мешаванд. Стабилизаторхои феррорезонанси барои стабилонии шиддати тагйирёбанда (одатан барои басомади чараёви саноати—50 Гц) дар занчирхои асбобхои назоративу андозагир, идора, асбобхои саноати, автоматика ва радиову телевизорхо истифода мешаванд.

Д. Давлатшоев, Ф. Очилова.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …