Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАРАФУДДИНИ ТУСИ

ШАРАФУДДИНИ ТУСИ

ШАРАФУДДИНИ ТУСИ Шарафуддини Музаффар ибн Мухаммади Туси (с. тав. номаълум, Тус — ваф. такр. 1210), муначчим ва риёзидони форс-точик. Кисми асосии хаёташ дар дарбори амирони Хамадон гузаштааст. Аз таълифоти Шарафуддини Туси асархои зерин то замони мо расидаанд: «Масоили чабр ва мукобала», ки он бо номи «Рисолаи муодилот» низ маълум аст. Дар ин асар услуби такриби хал намудани муодилахои куби баён шудааст, ки холо онро ба Виет ва Ньютон нисбат медиханд. Аз рисолахои дигари Шарафуддини Туси инхо низ маъруфанд: «Чавоб ан суол амир ул-умаро Шамсуддии», «Рисола фи хаттайн-ил-лазайн якрубони ва ялтадиёни», «Китоб фи маърифат-ил-устурлоб – ил – мусаттах ва-л- амал бихи», «Рисола фи-л-ус-турлоб-ил-хатти» ва «Рисола фи-л-осор-ил-улвия». Дастнависи ин асархо дар китобхонахои Лондон, Лейден, Истамбул махфузанд.

Х. Ф. Абдуллозода.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.