Маълумоти охирин

«САМАКИ АЙЁР»

«САМАКИ АЙЁР» – як намунаи осори насри омиёнаи форс-точик аст, ки тавассути киссахонон аз ривоятхои пароканда ба миён омадааст. Дар матн ровии асар Садака ибни Абулкосими Шерози номида шудааст. Аз 20. 6. 1189 огоз карда, Фаромурз ибни Худодод ибни Абдуллохи Арчони ба китобати он пардохтааст.
«Самаки айёр» аз дил бастани шохзодаи Халаб Хуршедшох ба Махпарии духтари фагфури Чин, ба Чин расидану бо у пайвастанн Самаки айёру Шаголи Пилзур огоз ёфта, рафта- рафта даххо персонажхои фаъол ва мочарохои тулонию шурангезро фаро мегирад.

samak

Дар партави ин мочарохо масъалахои мухими сиёсиву ичтимои ва фалсафиву рузгории за¬мони пайдоиши достон мавриди мухокима карор гирифтааст. Кахрамонони асосии асар Самаки айёр, Ша¬голи Пулзур, Рузафзун, Хуршедшох, Фаррухруз ва дигар пахлавонону чавонмардон, занон, шохону вазиронанд. Асли максади гуяндаи достон, гояи ичтимои ва ахамияти бадеиву эстетикии «Самаки айёр», ки химояи инсофу адолат ва дустию рафокати бай¬ни одамон аст, ба воситаи образи чавонмардону айёрон, шохони додгустару вазирони хирадманд ифода шудааст. Тавассути образхои Марзбоншоху Арманшох, фагфури Чин ва шохони дигар, вазирон — Хомон, Шахрон, Мехрон ва дигарон масъалахои давлатдори, ахлу дод ба андозаи кофи халли хешро ёфтаанд. Чавонмардону айёрпешагон далеру густох, росткавлу ботадбир ва дакикатпарвару адолатхох буда, ба мукобили бади, риёкори, зишти далерона набард мекунанд. Гирехбанди сюжети «Самаки айёр» ишки поки инсонист. Нахуст Хуршедшох бо ёрии Самак дар рози ишки Махпари набард мекунад. Пас аз марги Махпари мочарохо дар гирди Абондухт ба миён меоянд. Пас писари Хуршедшоху Абондухт Фаррухруз ба Гулбуи Гулрух дил мебандад ва баъд ба Чигилмох. Талоши шохзодагон дар рохи ишк барои айёрон, ки хадафи асоси аз офаридани достон ситоиши корномахои онон аст, майдони фарохи корнамои мекушояд. Дар ниходи «Самаки айёр» некутарин пиндорхои мардуми одди гузошта шудаанд. Хама нектарин орзухои инсонии хоси мардуми одди дар мафхуми «чавонмарди» фарохам омадаанд. Дар «Самаки айёр» зан мавкеи хос дорад. Онхо хам пахлавону далер, хам вафодору поканд; дар душвортарин лахзахои зиндаги, дар зери хатари марг, дар торикии зиндонхо хамчунон бовафо мемонанд. «Самаки айёр» асари дорои тасвирхои мураккаби психологист. Андешавари, диалогу монологхои ботини хусусияти мухими кахрамонони «Самаки айёр» аст. «Самаки айёр» як романи мукаммал буда, дорои сюжети мураккаб, композитсияи нисбатан мустахкам, силсилаи кахрамонони мусбату манфи, конфликт, ривочи вокиахо ва тасвири манзарахои дилфиреби табиат мебошад. Занчираи сюжети асар то рафт печ хурда, диккати хонандаро пайваста ба худ мекашад. «Самаки айёр» бо хусусиятхои бадеиву забони шево ва тарзи баён арзиши бузург дорад. Он ганчинаи бузурги забони гуфтугуии асрхои 11—12 буда, нафосату зарофати забони гуфтугуии халкро нигох доштааст.
Ягона дастнависи нопурраи «Самаки айёр» дар китобхонаи Бодлеани Оксфорд (Англия) нигох дошта мешавад, ки аз се чилд иборат буда, дар чилд ду чузъ дорад. Солхои 1960—1965 олими эрони Парвиз Нотили Хонлари дар асоси ин дастнавис чахор чилди «Самаки айёр»-ро ба чоп расонд. Дар миёни чилдхои 2 ва 3 «Самаки айёр» ба андозаи як чилди дигар нобуд шудааст. Нимаи ин чилди мафкуд дар тарчумаи туркии Хабибуллох ном киссахон боки монда, дастраси мухаккикон гардидааст. Ин бозёфтро низ Хонлари дар тарчумаи форсии Ризо Саид Хусайни чун чилди 3 асар ба чоп расонд. «Самаки айёр» аз руи чопи Хонлари ба алифбои имрузаи точики дар 7 чилд интишор ёфт.
Нашр: Самаки айёр, ч-хои 1—7, Д., 1967—85.
Ад.: Салимов Ю., «Самаки айёр» аз насри ривоятии форсу точик», дар кит.: «Самаки айёр», ч. 1, Д., 1967; х амон муалл.. Насри ривоятии форсу точик Д.. 1971; Ч и л л а е в К.. «Падруд бош, Самак»,- дар кит.: «Самаки айёр», Н. 7, Д., 1985;
К. Чиллаев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …