Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛИМЗОДА Абдурахмон Салимович

САЛИМЗОДА Абдурахмон Салимович

САЛИМЗОДА Абдурахмон Салимович (1900, Каттакургони РСС Узбекистон— май 1900, Самарканд) иштирокчии револютсияи халки дар Бухоро, яке аз муборизони фаъоли барно ва мустахкам намудани Хокимияти Совети дар Точикистон. Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1925. Фаъолияти мехнаткашро дар синни 10-солаги хамчун шогирди мисгар cap кард.
Соли 1917 ба сафхои Гвардияи Сурх дохил шуда, музаффариятхои Револютсияи Октябрро дар Фронти Закаспий мухофизат кард. Солхои 1918—1919 бо хамрохии отряди гвардиячиёни сурхи Каттакургон дар торумор намудани дастахои контрреволютсионии гвардиячиёни сафеди Гинзбург, Степанов, Абрамов ва дигарог иштирок намуд,
Соли 1921 котиби масъули Комитет комсомолии Каттакургон ва Кармина. Дар баробари ин аъзои сегонаи фавкулода оид ба муборизаи зидди Босмачиëн дар уезди Каттакургон буд. Соли 1924 котиби масъули Комитети комсомолии уезди Нурато, раиси Бюрои ташкилти КМ комсомоли дар Бухорои Шарки. Солхои 1926—1928 cардори шуъбаи кофтукови чинояти дар Точикистон. Солхои 1929—1955 дар вазифахои гуногуни рохбарикунандаи хочагии Точикистон ва Узбекистон кор кард. Аз соли 1955 нафакахури шахси.
Бо Грамотахои Фахрии Президиуми Советн Олии РСС Точикистон ва нишони сарисинагии «Барои муборизаи зидди босмачиён» мукофотонида шудааст.
Ш. Чалилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.