Маълумоти охирин

РОМУЗ

РОМУЗ, далфин, дулфин, делфин (Dolphininaе), як вавъ ширхурхои бахриро гуянд, ки аз чумлаи китхои дандондор медонанд. Дарозии танашон 1,2—10 м. Аксар Ромуз дар тахтапушт боли шиновари доранд. Фукашон борик ва дандонашон хеле бисёр (зиёда аз 70) аст. Системаи асаби марказии Ромуз нагз инкишоф ёфтааст; нимкурахои магзи сарашон калон аст (дар кишри он то 30 млрд хучайрахои асаб хаст). Бинобар ин Ромуз ахбори бисёреро кабулу тахлил ва мисли тути бисёр калимахоро такрор карда метавонад. Азбаски Ромузхо ба осони ром мешаванд, онхоро дар океанариумхо ва делфинарийхо нигох дошта, чун хайвони лаборатори ва сирк истифода мебаранд. Алхол олимон оид ба хонаги кардани баъзе намудхои Ромуз тадкикот мебаранд.

del
Ромузхо чонварони тезшинокунандаанд (суръати харакаташон то 50 км/соат). Аксаран гала-гала шуда зидаги мекунанд. Моди, нармбаданхои сарпои ва баъзан харчанг- шаклхоро мехуранд. Баъди 10-12 мохи давраи хомила як бача мезоянд, ки он дар 3—5-солаги ба балогат мерасад. Ромузхо 30—50 сол умр мебинанд. Дар олам 48 намуди Ромуз (аз 20 чине) ва дар бахрхои СССР 15 намудашон (аз 12 чинс) маълуманд. Дар бахри Сиёх 3 намудашон хаст. Та¬комули гидродинамии шакли бадан, сохт ва хусусиятхои пуст, кобилияти то ба чукурихои зиёд гута задан ва бисьэёр дигар хусусиятхои Ромуз ба¬рои бионика ахамият доранд. Як ка¬тор хусусиятхои системаи нафаскаши ва гардиши хуни Ромузхо (афзун будани миоглобин, муддати дароз нигох доштани нафаскашии беруна, нохассосии маркази нафаскаши ба барзиёдии гази карбонат дар хун, суст шудани набз ва аз нав таксимшавии чараёни хун дар вакти ба об гута задан, мубодилаи обу намак ва гайра) аз назари физиология ва тиб чолиби диккатанд. Дар айни замон Ромузхоро хаматарафа меомузанд. Дар хорича Ромизхоро ба максадхои харби (ёфтани чойхои минадор, киштихои гаркшуда, инчунин ошкор кардани киштихои зериоби ва гайра) низ исти¬фода мебаранд, Гушт ва равгани баъзе намуди Ромузро дар Япония ва чазираи Соломон мехуранд. Дар СССР аз соли 1966 шикори Ромуз манъ аст.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …