Маълумоти охирин
Главная / Техника / РЕССОРА

РЕССОРА

РЕССОРА (франсави. геззогк—чандири), чихози чандире дар мошинхои боркашон, ки таконхои аз нохамворихои рох пайдошударо фуру менишонад ва таъсири борро ба узвхои гашт (гилдирак, тасмачарх ва гайра) мегузаронад. Рессорахои металли, гидравлики ва пневматики мавчуданд.

leafs1
Рессорахои металли маъмултаранд ва дар навбати худ ба Рессорахои варака ((расм), торсиони ва пружини чудо мешаванд. Рессораи варака аз дастаи варакахои пулодии обутобёфтаи дарозиашон гуногун иборат аст, ки хангоми таъсири бор чун болори чандир хам мешаванд. Рессораи пружини аз як ё чанд пружинахои винтии дарун ба дарун ё болоихам сохта шудааст. Рессораи торсиони аз милаи пулодии чандири дароз иборат буда, асосан ба чарххои пе-ши автомобил гузошта мешавад. Аксаран Рессорахои муштарак (варака ва пружини)-ро ба кор мебаранд. Дар Рессорахои гидравлики моеъ аз комаи як силиндр ба комаи силиндри дигар тавассути суроххои калибронидашуда мегузарад. Дар Рессорахои пневматики бошад, хусусиятхои чандирии газ ё хаво истифода мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …