Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАЧАБОВ Зариф Шарифович

РАЧАБОВ Зариф Шарифович

РАЧАБОВ Зариф Шарифович, (таваллуд  17. 07. 1906, шахри Хучанд), муаррихи советии точик, доктори илмхои таърих (1959), профессор (1960), академик Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  (1962; аъзо-корреспондент аз соли 1951), Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (1964), Лауреати Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  ба воми Абуали ибни Сино (1967). Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1947. Аввал дар мактаби русии махалли, баъд дар мактабхои совети тахсил намуда, соли 1924 Омузишгохи педагогии шахри Самаркандро тамом кардааст. Солхои 1925—28 дар факултети коргарии Институти дуюми Москва тахсил кард. Соли 1932 шуъбаи таърихи Институти таъриху фалсафаи Москваро хатм намуд. Рачабов муаллим ва мудири кисми илмии Академияи педагогии шахри Душанбе (1932), аспиранти Институти шаркшиносии Академияи Фанхои Союз Советских Социалистических Республик СССР (1933— 37) буд. Солхои 1937—41 мудири кафедраи таърихи Союз Советских Социалистических Республик СССР-и Институти точикии муаллимтайёркунии шахри Тошкент, ходими калони илми, мудири шуъба, котиби илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи Филиали узбекистонии Академияи Фанхои Союз Советских Социалистических Республик СССР. Солхои 1943—45 директори Институти таърих ва археологияи Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон, 1945—47 докторанти Институти таърихи Академияи Фанхои Союз Советских Социалистических Республик СССР, 1948 —54 ректори Университети Давлатии Точикистон, 1954—59 мудири кафедраи таърихи Союз Советских Социалистических Республик СССР-и университети номбурда, 1959—62 директори Институти таърихи Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон. Солхои 1962— 71 академик-котиби Шуъбаи илмхои чамъиятии Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон   ва аз соли 1971 ходими калони илмии Шуъбаи фалсафаи Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  мебошад. Рачабов олими нурмахсул буда, зиёда аз 300 асари илми ва илмии оммави навиштааст. Рачабов фаъолияти эчодии худро чун нависанда, драматург сар карда, бо тахаллуси Дунган якчанд хикояю драма менависад. Фаъолияти илмии Рачабов сохахои гуногуни илми таърихро дар бар мегирад. Тадкики масъалаи афкори чамъиятии халкхои точику узбек дар фаъолияти илмии у чои махсусро ишгол ме-намояд. У дар асархояш дустии халкхои Союз Советских Социалистических Республик СССР-ро тараннум карда, макоми халки кабири русро дар такдири халкхои Осиёи Миёна, ёрии бегаразонаи онро возех нишон додааст. Рачабов доир ба масъалахои мухталифи таърихи маданият ва илми Точикистон низ асархо офаридааст. Яке аз муаллифон ва мухаррирони асари сечилдаи «Таърихи халки точик». Аз соли 1955 аъзои Комитети миллии муаррихони Союз Советских Социалистических Республик СССР мебошад. Аъзои хайати асосии тахририяи ЭСТ (1969). Рачабов дар тараккиёти маорифи республика хизмати калон кардааст. Бо рохбарии илмии у кариб 50 нафар номзади илм ва зиёда аз 10 нафар доктори илм ба камол расидаанд. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  (даъватхои 3—4) интихоб шудааст. Бо орденхои Ленин, Байраки Сурхи Мехнат, «Нишони Фахри», медалхо ва Грамотахои Фахрии Президиуми Советн Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  ва Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон  мукофотонида шудааст.

Адабиёт: Аз таърихи афкори чамъияти-сиёсии халки точик дар нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20, Сталинобод, 1959; Туркестан на страницах большевистских газет периода первой русской революции (1905—07), Душанбе, 1970; Маорифпарвар Ахмади Дониш, Душанбе, 1964. М. Бобохонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.