Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Планкашии молияви

Планкашии молияви

Планкашии молияви, кисми таркибии планкашии хочагии халк дар замони сотсиализм; ба нишондихандахои плани хочагии халк асос меёбад ва дар айни замон ба ташаккули он фаъолона таъсир расонда, таносуби оптималии таксимоти захирахои молиявиро мукаррар ва ба сохахои мухимму самарабахш равона мекунад. Вазифахои асосии Планкашии молияви муайян намудани хачм ва манбаи ташаккули фондхои маблаг барои таъмин намудани харочоти тараккии иктисодиёт, тезонидани прогресси илмию техники ва боз хам пурратар конеъ гардондани талаботи моддию мадании ахоли; ошкор намудани захирахои иловагии аф­зоиши истехсолот ва пардохти пул; риояи сарфакори дар истифодаи за­хирахои мехнати ва пули; таъмини ягонагии тамоми системаи планхои молияви; ташкили ичрои планхои молияви.

Планкашии молияви ба баланд бардоштани самаранокии истехсолоти чамъияти, такмили структураи он нига- ронида шудааст ва бо назорати молиявии фаъолияти корхонахо (иттиходия) ва ташкилотхо зич алокаманд аст. Зинахои гуногуни системам молияви планхои молиявии худро тартиб медиханд. Планхои молияви аз инхо иборатанд. баланси даромад ва харочоти корхонахои дав­лати, иттиходия ва вазоратхо; планхои молиявии колхозчо ва дигар таш­килотхои кооперативи, инчунин ташкилотхои чамъияти; сметаи муассисахои бючет; бючети давлатии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР (нигаред Планкашии бючет); бючети давлатии сугуртаи ичтимои; плани молиявии моликияти давлати ва сугуртаи шахси; плани молиявии умумии хочагии халк. ки координасиям захирахои тамоми планхои молияви, мувофикати мухимтарин сохахои плани хочагии халкро таъмин ме­намонд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.