Маълумоти охирин

Патент

Патент (лотини. patens — шаходатнома, санад), 1) хуччатест, ки эътирофи давлатии халли техникии ихтироъро тасдик карда, ба дорандаи он худуди комили ихтироъкориро медихад. Патент дар территорияи давлате эътибор дорад, ки онро додааст. Мухлати эътибори Патентро низ конунгузории милли (хамчун коида ба мухлати 15—20 сол) мукаррар менамояд. Хангоми додани Патент андози патенти ситонда мешавад. Патент бо баъзе асосхо ва тартибе, ки конунгузории милли мукаррар кардааст, метавонад бекор карда шавад.

Дорандаи Патент ба истифодаи ихтироъ хукуки комил дорад. Агар ихтироъ бе ризоияти дорандаи Патент истифода ша­вад, у дар бораи ситондани товони зарар ва манъ кардани амалиётхое, ки боиси вайронкунии Патент мегарданд, ба суд даъво карда метавонад. До­рандаи Патент хак дорад аз хукукхои худ ба ихтироъ даст кашад ва ба дигарон ичозат дихад, ки аз ихтирои у истифода баранд. Конунгузории як катор мамлакатхо баъзе махдудиятхои хукуки дорандаи Патентроро мукаррар намудааст.

Дар СССР Патент яке аз шаклхои хифзи хукукии ихтироъ буда, онро одатан, факат хоричиён истифода бурда метавонанд. Шакли дуюм ва бештар маъмули хифзи хукуки их­тироъ шаходатномаи муаллифи мебошад. 2) дар баъзе давлатхои буржуази хуччатест, ки барои ба савдо, хунарманди ва машгул шудан ба ягон касб хукук медидад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.