Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Германия

Партияи Коммунистии Германия

Партияи Коммунистии Германия (ПКР), дар съезди муассисони партия (30 декабри 1918 — 1 январи 1919 Иттифоки Спартак даъват карда буд) дар рафти Револютсияи ноябрия 1918. ки дар шароити болоравии харакати револютсиони дар зери таъсири Револютсияи  Кабири Сотсиалистии  Октябр вусъат ёфт, таш­кил шуд. Соли 1919 Партияи Коммунистии Германия ба Интернатсионали Коммунисти дохил шуд. Партияи Коммунистии Германия ПКГ аз аввали ташкилёбии худ дучори таъкиботи реаксияи империалисти гардид. Январи 1919 асосгузорони пар­тия К. Либкпехт ва Р. Люксембург вахшиёна кушта шуданд. Дар Съез­ди 6-уми Партияи Коммунистии Германия ПКГ (декабри 1920) партия бо аксарияти Партияи мустакили сотси­ал-демократии Германия дар зами­ная марксизм-ленинизм муттахид шуд.

Дар мубориза барои ба парти­яи хакикатан револютсионии синфи коргар табдил додани Партияи Коммунистии Германия ПКГ ва барои ба даст овардани аксарияти пролетариати Германия аз Партияи Коммунистии Германия ПКГ хорич кардани унсурони оппортунистии рост (Г. Бравдлер, А. Тальгеймерва дигар) ва унсурони чапи гузаро (Р. Фишер, А. Маслов ва дигар ахамияти калон дошт. Дар Конференсияи 1-уми Партияи Коммунистии Германия ПКГ (октябри 1925) Э. Тельман раиси партия интихоб шуд. Съезди 11-уми Партияи Коммунистии Германия ПКГ (марти 1927) сиёсати Комитети Марказии навро маъкул донист ва вазифахои муборизаи зидди афзоиши хавфи харби ва аз нав мусаллахшавии Германия, вазифахои мубориза- ро барои талаботи ичтимоию иктисодии мехнаткашон муайян кард.

Таъ­сири рузафзуни Партияи Коммунистии Германия ПКГ-ро махсусан Интихоботи рейхстаг (ноябри 1932), ки дар он партия кариб 6 миллион овоз гирифт, нишон дод. Дар баробари бар­по гардидани диктатурам фашисти (январи 1933) бар зидди Партияи Коммунистии Германия ПКГ террори хунин авч гирифт. Аз 300 хазор нафар коммунистон (ноябри 1933) кариб нисфашон гирифтори таъкибот гардида, ба хабсхона ва конслагерхо партофта шуданд, даххо хазор коммунистон кушта шуданд. 3 марти 1933 Телманро хабс карда, ба шиканчахои гестапо партофтанд (18 август 1944 фа­шистон уро куштанд). Конференсияи брюсселии Партияи Коммунистии Германия ПКГ (октябри 1935) карорхои Конгресси 7-уми Интернасионали Коммунистиро ба асос гирифта, вазифаи ягонагии амалиёти синфи коргарро дар муборизаи зидди хукмронии фашисти ба миён гу­зошт.

Баробари cap шудани Чанги дуюми чахони (1939—45) Партияи Коммунистии Германия ПКГ синфи коргари Германияро даъват намуд, ки ба шикасти армияи Германияи гитлери кумак расонад. Дар шарои­ти душвори пинхонкори коммунис­тон хамрохи коргароли сотсиал-демо­крат бар зидди диктатураи фашисти фидокорона мубориза мебурданд. Июли 1943 бо ташаббуси Комитети Марказии Партияи Коммунистии Германия ПКГ дар худуди СССР Комитети миллии «Германияи озод» ташкил карда шуд, ки он маркази ташкили ва си­ёсии куввахои зиддифашисти гар­дид.

Баъди торумор карда шудани Германияи фашисти Комитети Марказии Партияи Коммунистии Германия ПКГ дар мурочиатномаи  худ аз 11 июни 1945, ки ба он Комитети Марказии Партияи Сотсиал Демократии Германия низ хамрох шуд, программа и васеи дигаргунсозихои демократиро (дар асоси хамкории тамоми куввахои демократии мамлакат) муайян кард. Дар натичаи мус­тахкам гаштани хамкории Партияи Коммунистии Германия ПКГ ва Партияи Сотсиал Демократии Германия ПСДГ барои муттахид гардидани ду партияи синфи коргар замина пайдо шуд.

Дар шарки Германия дар натичаи муттахид шудани ПКГ ва Партияи Сотсиал Демократии Германия ПСДГ апрели 1946 Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ташкил ёфт. Партияи Коммунистии  Германияи Faрби, бо номи пештарааш чун ташкилоти мустакил соли 1948 ба расмият даромад. Анъанахои Партияи Коммунистии Германияро, ки аз фаъолияти Карл Либкнехт ва Роза Люк­сембург огоз ёфта буданд, Партияи Коммунистки Германия давом медихад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.