Маълумоти охирин
Главная / Илм / Паразитизм

Паразитизм

Паразитизм дар биология як шакли хамзистии организмхои гуногун (растанихо, хайвонот ва микроорганизмхо)-ро гуянд, ки дар чараёни оп яке (паразит) дигаре (хо­мил)-ро чун мухити зиндаги ва манбаи гизо истифода мебарад. Вобаста ба чои зист Паразитизм ду хел мешавад: Паразитизми беруни ё эктопаразитизм (паразит дар руи бадани хомил зиндаги мекунад) ва Паразитизми даруни ё э н д о п а р а з и т и з м (паразит дар дохили узву бофтахои хомил хаёт мегузаронад). Кана, шабуш, пашша ва гайра паразитхои беруни, пахнкирмхо, кирмк чигармак, плазмодия ва гайра паразитхои  даруни мебошанд.

Баъзе паразитхо як давраи муайяни хаёт ва баъзеи дигарашон бошанд, тамоми хаёташонро дар организми хомил мегузаронанд. Роххои пайдоиши Паразитизм хеле гуногунанд. Манбаъхои он хам­зистии организмхои гуногун, коммен­сализм, симбиоз, тасодуфан фуру бурдани паразит, сокин шудани як организм ба органиами дигар ва гайра мебошанд. Паразитизм ва чорахои зидди он,ро паразитология, вирусология, фитопа­тология ва микробиология меомузад. Намуду гуруххои паразитхо нихоят бисёранд. Онхо аксаран ба хомилони худ зарар расонда, беморихои гуаогуни одаму хайвонот ва набототро ва вучуд меоранд.

Паразитизми хайвонот. Намудхои па­разити дар аксар гуруххои хайвонот (ба гайр аз сузанпустхо ва кифтпойхо) дучор мешаванд. Масалан, аз хордадорхо минога ва микеннахо, инчунин баъзе куршаларакхо хаёти нимпаразити мегузаронанд. Хатто гуруху синфхои чонвароне хастанд, ки хама паразитанд. Масалан, аз мавчудоти соддатарин—споровикхо, аз кирмхои пахн — трематода ва моногенеяхо аз хашарот — кайк, шабуш ва гайра. Дарачаи зарари паразитхо ба организми хомил хар хел аст.

Баъзан организми хомил мумкин аст ба бемори гирифтор нашавад, вале он манбаи сирояти паразит аст. Набототу хайвоноти гуногун хомилони паразит шуда метавонанд. Аксар вакт як хомил аз чанд намуди пара­зит сироят меёбад. Чомеа паразитхои як хомилро паразитотсеноз меноманд.

Баъзе эндопаразитхо давраи муайяни инкишофашонро дар мухити беруна гузаронида, баъд ба организми хомил ворид мешавад. Масалан, кирмхои лунда дар хок инкишоф меёбанд, баъд ба организми хомил гузашта, ба воя мерасанд ва афзоиш мекунанд. Аксар вакт паразитхо дар давоми як давраи хаёти худ 2 ва ё 3 хомилро иваз мекунанд.

Пахншавии географии паразитхо ба пахншавии хомилони онхо ва хусусияти физикию географии мухити махал вобаста аст. Бинобар ин дар худуди ареали худ паразитхо дар хама чо нею дар мавзеъхои муайян дучор мешаванд. Ба пахншавии па­разитхо тарзи хаёти хомилони онхо (тарзи гизогири, мигратсия, хоб ва гайра), иклими ареал ва омилхои дигар низ таъсир мекунанд.

Паразитизми растанихо. Бисёр занбуругхо, бактерияхо, вирусхо, растанихои гулдору баъзе обсабзхои па­разит маълуманд. Растанихои пара­зит факат дар байни ушна, сарахс ва растанихои лучтухм то хол муайян нашудаанд. Хомилони растанихои паразит на факат растанихо, балки хайвонот ва одам хам мебо­шанд. Дар бадани одам асосан бак­терияхо ва баъзе занбуругхо пара­зити мекунанд. Бактерияхои паразит ба беморихои сил, хунок, ангина, дизентерия, тоун, вабо ва гайра сабаб мешаванд; занбуругхо бошанд, асо­сан пусту муй ва кисман шуш, чашм ва узвхои дигарро иллатнок меку­нанд.

Растанихое, ки паразити дигар растанихоянд ду хел мешаванд: хлоро- филлдор ва бехлорофилл. Растани­хои паразити хлорофиллдор аз хомилони худ факат обу намакхои минералиро чаббида мегиранд ва ху­дашон дар просесси фотосинтез моддахои органики тайёр мекунанд. Растанихои паразити бехлорофилл пурра паразитанд, онхо аз хомил хам гизои органики ва хам гизои гайри органикиро мечаббанд. Дар байни растанихои паразит паразитхои тасодуфи (ф а к у л т а т и в и) ва хауиуи (облигати)-ро фарк мекунанд. Паразитхои тасодуфи ба растанихои аз нуму монда ё кисмхои аз нумумондан онхо (масалан, мева) ва паразитхои хакики бошанд, ба растанихон солими нумукунанда зарар мерасонанд.

Омузиши чабхахои гуногуни Паразитизм (даврахои хаёти паразитхо, роххои сирояти онхо, экологияи хомилони паразитхо ва гайра) дар муборизаи зид­ди паразитхо — ангезандахои бемо­рихои гуногуни одам ва чорво, алалхусус, барои пешгирии ин беморихо ахамияти калон дорад.

Ад.: Павловский Е. П.. Общие проблемы паразитологии и зоологии, М.— Л., 1961; Догель В. А., Общая паразитология. Л.,  1962;   Баратов

Ш. Б., Подкожные оводы крупного ро­гатого скота в Таджикистане. Д., 1972.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …