Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палеолит

Палеолит

Палеолит (аз палео… ва юн. lithos —санг), давраи кадими асри санг. Одатан, Палеолитро ба се давраи асоси: Палеолити поён, миёна ва боло таксим мекунанд. Кароргоххои ин давра асосан ду хел — кушод ва магоравианд.

Палеолити поён 2 млн сол кабл аз ин огоз ёфта, пас аз 100 хазор сол ба охир расидааст. Дар ин давра кадимтарин одамони маймуншакл (пи­текантроп, синантроп, неандертали ва гайра) ба вучуд омадаанд. Дарачаи аввали Палеолитии поён шелл, дуюмаш ашел ном дорад. Олоти давраи тошеллию олдуваи дагал ва соддаю номукаммал буда, бештар кайроксангист. Такрибан 1 млн сол мукаддам олати универсали-исканасанг хеле маъмул гашт. Кадимтарин олоти па­леолитии (чопперу чоппингхо) Осиёи Миёна дар чануби Точикистон (Каратог-1, Лохути-1, Хонакох 1-3) ба даст омадааст, ки 280—130 хазор сол то мелод сохта шудааст.

Давраи гузариш аз Палеолити поён ба Палеолити миёна 100—40 хазор сол то мелод ба вукуъ пайваст. Дар Палеолити миёна шикор равнак ёфта, одамон роххои гуногуни хосил намудани оташро кашф намуданд. Акнун онхо магорахоро тарк карда, дар чойхои кушод маскан мегирифтанд ва гурух-гурух зиндаги мекарданд. Сохти кабилави ва нишонахои таксими мехнат байни зану мард, дар охири хамин дав­ра бошад, маросими дафн пайдо шуд. Бори нахуст нишонахои маданияти мутааллики ин давра аз Ле-Мусге ном магораи Франсия ба даст омадааст.

Аз ин чост, ки ин давраро мусте низ меноманд. Дар Осиёи Миёна магорахои Тешиктош, Амонкутаи, Обирахмат (Узбекистон), Огзикичик (Точикистон), кароргоххои Чаркутаи, Хучи (Точикистон), Кулбулок, Кутурбулок (Узбекистон), Саломатбулок (Киргизистон) ва гайра кашф гардиданд. Дар давраи мусте олоти мехнат (тарошкорд, корд, дарафш ва гайра) хачман хурд ва нафистар гардид.

Палеолити боло аз хазораи 35 то хазораи 10 давом кардааст. Дар ин давра иклими кисми зиёди сатхи замин, аз чумла Осиёи Миёна ва Казокистон, хушк ва континентии шадид гардид. Хайвоноти ба иклими хунук мутобикгашта (каркаданхои сермуй, аспхои ёбои ва гайра) пайдо шуданд. Палеолитии боло дарачаи олии асри санг буда, олоти бехтарин махз дар хамин дав­ра ба вучуд омад.

Дар СССР кароргоххои Палеолити боло дар Ёкутистон, Шарки Дур, сохили Байкал, Костенко (наздикии Воро­неж) ва г. кашф шудаанд. Дар Оси­ёи Миёна кароргоххои наздикии Ку­ли комсомоли Самарканд ва Шугнов (водии Яхсу) ба Палеолити боло мансубанд. Асбобхои рузгори ёфтшудаи ин давра (сузан, шаст, дарафш, парма, пайкон, найза ва гайра) аз устухон ва шохи хайвонот сохта шудаанд.

Ба туфайли мехнат одами Палеолит аз чихати физиологи низ тагйир ёфт.

Чои палеоантропхоро неоантропхо гирифтанд. Нажоди типхои гуногуни антропологи ба вучуд омада, минбаъд ба се нажоди хозира (европоисурат, занги ва мугулсурат) чудо шуданд. Дар натичахои чамоахои ибтидоиро модаршохи гирифт. Вазифаи мардхо аз шикор, истехсоли олоти мехнат ва гайра иборат шуд. Палеолит мухимтарин давраи таърихи инсоният буда, омузиши хама тарафаи он бисёр масъалахои чамъияти тосинфиро хал менамояд.

Ад.: Р а н о в.В. А., Каменный век Тад­жикистана, Д., 1985; О к л а д.н и к о о А. п., Средним Азии п четвертичный пе­риод, дар кит. Средняя Азин в эпоху камня и бронзы. М.—Л., 1986; Борисковскип П И., Древнейшее прош­лое человечества, Л., 1970; Долихан о в П. М., География каменного века, М., 1079.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.