Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРЖЕВАЛСКИЙ Николай Ми­хайлович

ПРЖЕВАЛСКИЙ Николай Ми­хайлович

prjevalskiy-n-m

ПРЖЕВАЛСКИЙ Николай Ми­хайлович (12. 4. 1839, дехаи Кимборовои губернийи Смоленск —1. 11. 1888, Карокул, хозира шахри Пржевал­ский РСС Киргизистон), сайёх ва географи рус, тадкикотчии Осиёи Маркази, генерал-майор (1886). Дар оилаи заминдори хурд таваллуд ёфтааст.

Академики Штаби Генералиро хатм кардааст          (1863).

Солхои 1867—1869 ба кишвари Уссурий ва 1670—1685 ба Осиёи Маркази 4 экспедитсия гузаронд: экспедитсияи якум (1870—1873) ба Мугулистон, экспедитсияи дуюм (1876—1877) ба Лобвор ва Чунгария, экспедитсияи сеюм (1879—1880) ва чорум (1883— 1885) ба Тибет. Дар ин муддат у кариб 30 хазор км рохро тай намуд. Дар аввали экспедитсияи панчумаш Пржевалский дар наздикии Иссиккул вафот кард. Хулосахои ялмип у дар як катор асархояш гирд оварда шудаанд. Пржевалский табиат, релеф, иклим, дарёю кул, олами хайвоноту набототи территорияхои омухтаашро пурра тисвир кардааст. Пржевалский тарзи чойгиршавии каторкуххои калони Осиёи Марказиро мукаррар ва як катор каторкуххои навро кашф намуд, худудхои шимолии кухсори Тибетро муайян ва кулхои Лобнору Кукунорро тадкик кард. Дар рафти экспедитсияхо бисёр коллексияхои зоологи (кариб 7,5 хазор намуди хайвонхои ширхур, паррандахо, хазандахо, обию хокихо ва мохихо, шутур ва аспхои ёбои, инчунин аспи Пржевалский ва дигар на­муди мухрадорон), ботаники (гер­барий иборат аз 15—16 хазор адад растанихо), минералоги ва этнографиро гирд овард. Чамъияти географии рус соли 1891 медали нукра ва мукофоти ба номи Пржевалскийро таъсис на­муд; соли 1946 медали тиллои ба номи Пржевалский  таъсис ёфт. Як катор объектхои географи, аз чумла шахре дар РСС Киргизистон, каторкух дар системаи каторкуххои Кунлун, пирях дар Олтой ва гайра, боз чанд растанию хайвонхо Пржевалский номида шудаанд. Ба шарафи Пржевалский дар наздикии Иссиккул (дар пахлуи кабраш) ва шахри Ленинград хайкали ёдгори гузошта шудааст.

Ас.:       Путешествие в Уссурийском крае 1867—1869, М., 1947; Монголия и страна тангутов. Трехлетнее путешест­вие в Восточной нагорной Азии, М., 1946; От Кульджи за Тянь-П1ань и на Лобнор, М., 1-947; От Кяхты на истоки Желтой реки. Исследование северной окраины Тибета и путь через Лобнор по бассейну Тарима, М., 1948.

Ад.: Мурзаев Э. М., Н. М. Прже­вальский (2 изц.), М., 1953; Гаври­ленко В. М., Русский путешественник Н. М. Пржевальский, М., 1974.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.