Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ПОРТРЕТ (дар адабиёт)

ПОРТРЕТ (дар адабиёт)

ПОРТРЕТ дар адабиёт, тасвири симо, каду баст, сару либос ва умуман зохири кахрамон дар асари ба­деи. Портрет дар асари бадеи хусусият, мавкеъ ва вазифахои гуногун дорад. Портрет ягон сифати асоси ё тасвири муфассалу хаматарафаи зохири персонажро дар бар гирифта метавонад. Масалан, устод Аини Портрети хачвии Кори Ишкамбаро дар повести «Марги судхур» чунин тасвир кардааст: «У як одами миёнкади сергушти гарданкутох буд. Гафсии сару руяш хам ба дарачае буд, ки аз гафсии ишкамаш кариб фарк надошт. Агар риши гулии пахн ва дарози ин одамро бо муйсари баланд расидааш тарошида партоянд ва либосхояшро хам аз танаш кашида гиранд, сару тани ин одам дар як чо ба ишкамбаи шутур монанди пайдо мекард. Гояташ ин ки аз вай калонтар ва рангаш сурхчатар менамуд ва бо хуки фарбехи бордори пашмрехта «як себу ду таксим» шу­да мемонд». Дар адабиёт Портрети пси­хологи бештар мушохида мешавад. Дар Портрети психологи нависанда ба воситаи тасвири зохири кахрамон чахони ботини ва характери уро ошкор мекунад. Дар ин тарзи Портрети нависанда метавонад тавассути нишонахои фардии як шахс аломатхои умумии мухити муайяни ичтимои, шугл ва мансубияташро ба инсон табакаи ичтимои ошкор созад. Намунахои барчастаи Портрети психологи дар эчодиёти Айни, Ч. Икроми ва дигарон ба назар мерасад. Тарзи тасвири Портрет дар асари бадеи гуногун аст. Баъзе нависандагон Портрети кахрамони худро ба таври мукаммал, дар огози вокеахои асар, дигарон дар лавхаю лахзахои гуногуни хикоя, повест, роман ва гайра ба миён меоранд. Портрет дар офаридани образи бадеи мавкеи калон дорад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …