Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОМОЛОГИЯ-навъшиноси

ПОМОЛОГИЯ-навъшиноси

ПОМОЛОГИЯ (аз лотини pomum — мева ва …ловил), навъшиноси, як сохаи илми агрономияро гуянд, ки навъхои мевачот ва гучуммеваро меомузад. Асосгузори Помология олим ва на­висандаи рус А. Т. Болотов мебошад, ки охири асри 18 бори аввал дар таърихи богдори оид ба Помология асари 8-чилда навиштааст. Дар Европаи Гарби дар асархои помологдои немис А. Дил, Э. Лукас, В. Лаухе, Й. Г. К. Обердик, помологи франсави А. Леруа ва дигарон. Помология хусусияти тавсифи гирифт. Дар Россия Помология асосан дар натичаи дар шароити гуногуни хоку иклим хаматарафа омухтани навъхо пайдо шудааст. Онро В. В. Пашкевич, М. В. Ритов, Л. П. Симиренко, С. С. Рого­зин ва дигарон инкишоф доданд. Барои инкишофи Помология дар СССР асархои И. В. Мичурин, ки такмили муттассилу беохири навъхои меваро зарур хисоб мекард, ахамияти асоси доранд. Помология дар СССР чузъи таркибии селексияи растанихои мева ва гучуммева хисоб меёбад (пеш селек­сия ро ба Помология дохил мекарданд). Помологи америкои У. П. Хендрик, олими немис К. Кох ва дигарон Помологияро як чузъи илми ботаника мехисобанд. Дар СССР омузишгохи истехсолию биологии навъхои махаллии мева ва гучуммева дар нохияхои гуногун аз масоили асосии Помология мебошад. Вобаста ба шароити табии ва агротехники тобоварии навъхоро ба зимистон, хушкй, гармо, шамол, касалию зараррасонхо ва инчунин хосилноки, тезпази, кобилияти хосилдихи (дар натичаи худгардолуди); гардолудкунандахои бехтарин ва сифати мевахоро муайян мекунанд. Помология инчунин ба ташхису таъин ва таквими хочагии навъхои махаллии селексияхои халки, интродуксияи навъхои хоричи, нохиябандии навъхо (дар асоси омузиши хусусиятхои истехсолию био­логи ба шароити махал мутобик кардани онхо) низ машгул аст. Се шакли нохия ба нохия омухтани чихатхои истехсолию биологии навъхо мавчуд аст: ибтидои ё стансияги — навъхоро дар богхои по­мологии муассисахои илми меомузанд; навъсанчии давлат и — навъсанчи дар китъахои махсуси совхозу колхозхо (дар СССР бештар аз 200 китъахои навъсанчии давлати мавчуд аст) ичро карда мешавад; ба вай навъхои пешомаднок дохил мешаванд, ки одатан аз санчиши ибтидои гузаштаанд; навъсанчии истехсоли — навъхоро дар колхозу совхозхо месанчанд; ба онхо навъхое, ки баъд аз санчиши ибтидои ва дар китъахои навъсанчии давлати бахои баланд гирифтаанд, дохил меша­ванд. Дар натичаи омузиши навъхои махалли барои хар кадом нохия вобаста ба шароитн махал навъхои бехтаринро интихоб мекунанд, ки барои дар истехсолот саросар чори кардан мусоидат доранд. Баъди хаматарафа омухтани навъ таснифоти помологи тартиб дода ме­шавад, ки дар он чихатхои истехсолию биологи ва морфологии иавъ муфассал тавсиф меёбанд, инчунин аломатхое зикр мешаванд, ки аз руи онхо як навъро аз дигараш фарк мекунанд.

navshinosi

Яке аз масъалахои мухимми Помология таснифи навъхо мебошад. Таснифоте, ки ба принсипи экологию географи карор гирифтааст, бехтарин хисоб мешавад: навъро аз руи ма­халли селексияи онхо ба гуруххо чудо мекунанд. Масалан, мувофики ин принсипи навъхои дар СССР маъмули себ ба 18 гурухи экологию географи таксим шудааст: закавкази, молдави, украини, миёнаруси, наздибалтики, урали, сибири, точики ва гайра. Дар худуди хар кадом гурухи экологию географи навъхоро мувофики вакти пухта расидаи ба зергуруххои тобистони, тирамохи, зимистони таксим мекунанд. Богхои калони помологи, ки ба омузиши хаматарафаи навъхои мевачот машгуланд, дар Институти умумииттифокии тадкикоти илмии богдории ба номи И. В. Мичурин (Мичуринск), Институти тадкикоти илмии богдории минтакахои гайри сиёхзамин (Бирюлёвои назди Москва), Институти тадкикоти илмии току богдори ва майкашии Молдавия (Кишинёв), Институти тадкикоти илмии богдории ба номи Р. Р. Шредер (Тошкент), Институти тадкикоти илмии току богдори ва сабзавоткории Точикистон (Душанбе) ва гайра бунёд карда шудаанд.

Ад.: Пашкевич В. В., Общая по­мология, или учение о сортах плодовых деревьев, Л.—М., 1930; Рытов М. В., Избр. тр. М., 1959; Симиренко Л. П., Помология, т. 1—3, Киев, 1961—63.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …