Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПОЛЯКХО

ПОЛЯКХО

polyakho

ПОЛЯКХО, лахистониён, миллат, ахолии асосии РХП. Шумораашон 39 100 хазор ё кариб 98% тамоми ахолии мамлакат (1978). Кариб 10 млн нафар Полякхо дар Америка, Европа, инчунин дар СССР 1151 хазор нафар (1979) зиндаги мекунанд; ба забони поляки гап мезананд. Аксарияи диндорон католиканд. Халки поляк дар давраи бавучудоии давлати Полша ташаккул ёфтааст (асрхои (10—11). Асоси этникии онро полякхо, слезанхо, вислянхо, мазовшанхо, поморятсхо ва дигарон кабилахои славянхои гарби ташкил доданд. Дар давраи парокандагии феодали (асрхои 11— 13) байни гуруххои алохидаи музофотии Полякхо чудоии сиёси ба амал омад. Асрхои 13—15 дар чараёни мукобилат ба истилогарони немис дар байни Полякхо кушиши муттахидкунии заминхои Полша кувват гирифт. Дар худуди давлати сермиллати Реч Посполита просесси муттахидшавии миллии Полякхо ба амал омад. Ин просесс асри 18 дар натичаи таксимоти Реч Посполита, дар давраи чангхои Наполеон ва баъди он мураккаб гардид. Аз охири асри 18 ва ибтидои асри 19 дар инкишофи шуури миллии Полякхо харакатхои миллии озодихохи роли бузург бозиданд. Дар асри 19 давлати мустакили Полша вучуд надошта бошад хам, халки поляк ва шуури миллии он баланд шуд. Вале дар байни Полякхо чанд гурухе буданд, ки аз руи шева ва баъзе хусусиятхои атнографи аз якдигар фарк мекарданд. Дар охири асри 19 ва дар асри 20 фаркияти байни ин гуруххо бархам хурд. Баъди Чанги якуми чахони (1914—1918) давлати буржуази-помешикии Полша ташкил ёфта, бисёр заминхои гарбии Полякхоро муттахид намуда, дар Шарк районхоеро забт кард, ки дар онхо украинхо, белорусхо, литвонихо сокин буданд. Заминхои Полша танхо баъди Чанги дуюми чахони дар атрофи як давлат муттахид гардиданд. Ниг. ниа Полша.

Ад.: История Полши, тт. 1—3, М., 1954—58; Королюк В. Д., Древнепольское государотво, М., 1957.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …