Маълумоти охирин
Главная / Илм / Организм

Организм

Организм (аз лотини organizo — ташкил мекунам, месозам), хама гу­на мавчудоти зиндаро гуянд. Организмхои як ва бисёрхучайра дорои чунин хосиятхои асосии хаётианд,. ки онхоро аз материяи гайризинда фарк ме­кунанд, яъне онхо сохти хучайрави доранд; ба онхо мубодилаи модда, сабзиш, инкишоф, афзоиш, тагйирпазири, ирсият, мутобикшави ба шароити зиндаги ва гайра хосанд.

Организмхое низ мавчуданд, ки ядрои хучайравии асли ва унсури хромосоми надоранд. Ин гуна Организмхоро п р о к а р и-о т х о меноманд. Бактерияхо, обсабзхои кабуду сабз, риккетсияхо, микоплазмахо ва гайра аз хамин кабиланд. Сохти ин Организмхо содда буда, андозаашон хеле хурд аст. Дар ча- раёни таъсири мутакобил ба мухити зиндагй Организм худро чун системаи том зохир менамояд. Ташаккули комили Организм натичаи эволюсия буда, аз таксимшавии кисмхои структура (хучайра, бофта ва узвхо), функсия ва интеграсияи онхо иборат аст.

Дар Организмхои якхучайрави функсияхои хаёти тавассути органеллахои махсус ба амал бароварда мешавад. Дар давоми эволюсия афзоиши ху­чайра (яъне ба вучуд омадани Организми бисёрхучайрави) ба мураккаб гардидани морфофизиологили Организм мусоидат намуд. Дар омухтани масъалахои эволюсия, таксимшавию интеграсияи узвхо ва функсияи Организм олимони рус А. И. Северсев, А. А. Заварзин, Н. Г. Хлопин, И. И. Мечников, Н. И. Шмалгаузен ва баъзе  олимони хоричи сахми арзанда гузоштаанд. Нигаред  низ Морфогенез, 0нтогенеэ, Органогенез, Филогенез.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …