Маълумоти охирин
Главная / Илм / Опричнина

Опричнина

Опричнина, опришнина (аз русии кадим опричный —махсус), системаи чорабннихои фавкулоддаи харбию маъмури ва ичтимоию иктисодии подшох Ивани IV (Гроз­ний) барои мустахкам намудани хокимияти мутлакияти марказонида шуда ва бархам додани парокандагии феодали. Ивани IV бархам задани «ошубхо»-ро максади асосии Опричнина медонист. Баробари чори кардани Опричнина чазои берахмонаи оппозицияи боярхою князхо ва катли оми бегунохон cap шуд.

Опричнина парокандагии феодалиро бархам дода, дар мамлакат зулму истибдоди мутлакиятро пурзур ва мавкеи такягохи ичтимоии он (амалдорон, дворянхо, заминдорони миёнахол)-ро мустахкам кард. Опричнина  ба пойдор гардидани тартиботи крепостнои мусоидат намуд. Опричнина дар асрхои 14—16 мафхуми махсуси кисми мулки намояндагони сулолаи князхои бузург, солхои 1565—72 бошад “мулки шохон»-ро ифода мекард.

Ба Опричнина  дар кисми марказии мамлакат Можайск, Вязма, Суздал ва гайра, дар Чануби Гарб— Козёлск, Перемишл, Белёв, Медун ва гайра, дар Шимол — Двина, Великий Устюг, Каргопол, Вологда ва гайра дохил мешуданд. Дар Опричнина  думаи опричнини приказхои мо­лияви — Четхо амал мекарданд. Кушунхои опричнина то 5—6 хазор аскар доштанд. Кисми бокимондаи мамлакат земшина ном гирифт. Бисёр феодалони махалли аз территорияи Опричнина ронда шуда, заминхои онхо ва дехконони крепостной ба дворянхо— опричникхо дода шуданд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …