Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Окчар дар райони Восеъ

Окчар дар райони Восеъ

Окчар, деха, маркази Совети кишлоки Арали райони Восеъ, вилояти Кулоб. Территорияи колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Окчар то мар­кази район 18 километр; рох асфалтпуш. Ахолиаш 3650 нафар (1981), точикон. Дар Окчар мактаби миёна, 3 китобхона, клуб, хонаи маданият, пункти тиббй, дорухона, богчаи бачагон, шуъбаи алока, узели радио, АТС, кассаи амонати, 3 магазин, мехмонхона, сеххои либосу пойафзолдузи, дуредгарй, сартарошхона, ошхона, нонвойхона, хаммом, устохонаи таъмирн техникаи хочагии кишлок, идораи бинокорн ва боги маданияту истирохат хастанд.

Окчар инчунин фермаи механиконидашудаи чорво дорад. Сохахои асосии хочаги — пахтакорй, галлакори, бо­гу токдори, обчакори, чорводори, кирмакдори. Заминхо аз дарёи Сурхоб обёри мешаванд. Дар маркази деха хайкали Владимир Илич Ленин, ёдгори ба хотираи шахидони Чанги Бузурги Ватани ва хайкали Кахрамони Мехнати Сотсиалисти Давлат Файзалиев гузошта шудааст,

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …