Маълумоти охирин

Ойстрах Давид

Ойстрах Давид Фёдорович (30. 9. 1908, Одесса — 24. 10. 1974, Амс­тердам, дар Москва дафн шудааст), скрипканавози со­вети, Артисти Халкии СССР (1953). Аъзои КПСС аз соли 1942. Институти драмаю мусикии Одессаро хатм намудааст (1926). Аз соли 1934 дар Консерваторияи Москва дарс медод, (аз 1939 профессор, аз 1950 мудири кафедраи скрипка).

Лауреата мукофоти 1-уми Конкурси умумиит- тифокии навозандагон (Ленинград, 1935), Конкурси байналхалкии скрипканавозони ба номи Э. Изан (Брюссель, 1937) ва мукофоти 2-юми Конкурси байналхалкии скрипканавозони ба номи Г. Венявский (Вар­шава, 1935). Яке аз барчастатарин скрипканавозони замони хозира буд. Репертуари Ойстирах асархои намоёни классики ва муосири барои скрипка эчодшударо дарбар мегирифт.

Ойстрах нахустин ичрокунандаи консертхои скрипкави ва сонатахои Д. Д. Шес­такович, С. С. Прокофев, консертхои А. И. Хачатурян, Н. Я. Мясков­ский ва дигар буд. Хамчун дирижёр низ баромад кардааст. Аъзо-корреспондент. Академияи санъати Берлин (ГДР, 1961), доктори Университети Кембрич (1969), аъзои фахрии Академияи миллии «Санта-Чечилия»-и Италия (1961) ва дигар академияхову чамъиятхои мусикии хоричи. Лауреата Мукофоти давлатии СССР (1943) ва Мукофоти ленини (1960). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …