Маълумоти охирин

Норин

Норин, вилоятест дар хайати РСС Кигизистон. 11 декабри 1970 ташкил шудааст (солхои 1939—1962 вилояти Тиёншон ном дошт). Дар Чанубу Шимол ва Чануб бо Хитой хамсархад. Масохаташ— 50,2 хазор км2. Ахолиаш —228 хазор нафар (1979). Ба 6 район таксим шуда, 1 шахр ва 2 птш дорад. Марказаш — шахри Норин.

Табиат. Норин дар худуди Тиёншони Дохили чойгир аст. Он аз силсилаи каторкуххо иборат буда, ба водихои ва­сеъ ва пастхамихо чудо мешавад. Территорияи Норин аз Гарб ба Шарк торафт баланд ме­шавад. Дар Чанубу Шимол катокухи Кукшалтов (баландиаш то 5982 м), дар Чанубу Шимол катокухи Фаргона (баландиаш то 4692 м), дар Шимолу Гарб кисми шаркии каторкухи Сусамиртов (баландиаш то 4048 м) ва каторкухи Чумголтов (баландиаш то 3947 м). дар Шимолу Шарк кисми гарбии каторкухи Терскей-Алотов ва каторкухи Четим (баландиаш зиёда аз 4500 м) вокеанд. Каторкуххои нохияи дохилии вилоят: Намантон (баландиаш то 4718 м), Отбоши (баландиаш то 4786 м), Норинтов, Мулдотов ва гайра Калонтарин пастхамихо ва водихои байни куххо: дар Шимому Кучкор, Чумгол— дар марказ — Норин, Отбоши, дар Чануб— Охсой, Чатиркул, дар Гайра— Тугузтуру. Иклимаш нихоят континенти. Зимистонаш кахратун, тобистоиаш нисбатан салкин. Харорати миёнаи январ аз —10,Г С (дар Кучкор) т0 —27,7° С (дар водии Охсой). Харорати миёнаи июл аз 21 (дар Казарман) то 9° С (дар водии Охсой). Боришоти солона 200—300 мм. Дар баъзе водихо (масалан, дар водии Кучкор) зимистон кариб тамоман барф намеборад. Давраи нашви растани кариб 130 шаборуз. Дарёхои асосиаш: Норин, Тарим, Чу. Барои обёри асосан оби шохобхои дарёи Норин — Норини Хурд, Кухумерен, Отбоши, Олабуга истифода мешавад. Соли 1970 ГЭС-и иктидораш 40 мВт (дар дарёи Отбоши) ба истифода дода шуд. Дар дарёи Чу обанбори Уртатукай сохта шудааст. Кулхои калон: Сункули шириноб ва Чатиркули шурчаоб. Оби минералии Чатиркул шухрат дорад. Дар вилоят набототи нимбиёбони бисёр аст. Дар махалхои нихоят паст явшон ва гиёххои хушадори гуногун меруянд. Дар минтакахои болоии нишебихои куххо маргзори субалпи ва алпи вокеанд. Дар баландкух минтакахои тундра, дар Шарк биёбони баландкуху хунук вокеъ аст. Дар Норин настаран, зирк, бушол, дарахтони аръар, бед, арча ва гайра меруяд. Аз хайвонот архар, бузи кухи, шохпаланг, кокум, гург, рубох, сугур ва гайра зиндаги мекунад.

Ахоли. Дар вилоят асосан киргизхо, инчунин русхо, узбекхо, тоторхо, украинхо ва дигар халкхо зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км2 4 кас. 16% ахоли дар шахрхо икомат дорад.

Хочаги. Дар иктисодиёти вилоят хочагии кишлок мавкеи асоси дорад. Солхои 1970 дар Норин 41 колхоз ва 8 совхоз буд. Аз навъхои галладона асосан чаву гапдум кишт мешавад. Чорводори таракки кардааст. Дар чарогоххои васеъ асосан гусфандони махинпашм ва ниммахинпашм парвариш карда мешаванд. То ибтибои соли 1974 вилоят 2306,1 хазор гусфанду буз, 93,3 хазор гов, 68,3 хазор асп дошт. Солхои охир кутоспарвари низ инкишоф ёфт. Саноат таракки карда истодааст. Дар солхои охир махсулоти умумии саноат чандин маротиба афзуд. Сарватхои зеризамини: тилло, намаксанг, санги хоро ва гайра. Дар вилоят комбинати гушт, заводи равгану панир, заводи механики, заводи «Оргтехника» ва гайра аст. Дарозии роххои автомобилгард 4,4 хазор км аз он чумла 2,2 хазор км сангфарш. Роххои асоси: Рибаче — Норин — Туругарт, Норин — Казарман.

Сохтмони мадани ва нигахдории тандурусти. Соли тахсили 1973—1974 дар 148 мактаби маълумоти умуми 62,3 хазор талаба, дар 2 мактаби миёнаи махсус 1100 талаба мехонд. То ибтидои соли 1975 дар вилоят 148 китобхонаи оммави, Музеи Тиёншон, Театри дра­мам Норин, 125 клуб, 88 дастгохи кинонамоишдихи, 5 хонаи пионеров, 7 мактаби бачагонаи спорти буд. Дар Казонкуйган ст. тачрибавии Тиёншон оид ба чорводории Институти тадкикоти илмии чорводори ва ветеринарии Киргизистон вокеъ аст. Газетаи вилояти ба забони киргиз «Нарын правдасы» («Хакикати Норин», аз соли 1938) чой мешавад. Дар вилоят барномахои радио ва намоишхои телевизиони республикави ва умумииттифоки шунавонида ва намоиш дода мешаванд. То ибтмдои соли 1974 дар муассисахои табобатии Норин 2 хазор кат буд (9,7 кат ба 1000 нафар ахоли), 311 духтур ба ахоли хизмат мерасонд. (1 духтур ба 653 нафар ахоли).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …