Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Номахои бостон

Номахои бостон

«Номахои бостон», ёдгории хаттии кадими ба забони сугди. Соли 1906 экспедитсияи археологи бо сардории олими англис Аурел Стейн дар харобахои манораи дидбони дар кисми гарбии шахри Друан дар Туркистони Шарки кашф кардааст. «Номахои бостон» аз нух мактуби хусуси иборатанд, ки сугдиёни сокини Туркистони Шарки аз шахрхои Друан ва Кучан ба Самарканд ва Бухоро ба хешовавдонашон фиристодаанд. Сурдиён дар «Номахои бостон» аз мушкилоти рузгорашон, аз нарху наво, баъзе вокеоти сиёси ва нолу ахволи дустону наздикони худ сухан рондаанд. Панч нома нисбатан бехтар махфуз мондааст.

Чор номаи дигар чойхои нохонои зиёде доранд ва хондану тафсири онхо мушкил аст. «Номахои бостон» бо як навъи хати сугдии кадима навишта шудаанд. Баъзе номахоро соли 1931 олими немис Х Райхелт рамзкушои намуд. Баъдтар «Номахои бостонро эроншиносон В. Б. Хеннинг, Я. Харматта мавриди омузиш карор доданд. То хол оид ба замони навишта шудани «Номахои бостон» дар байни мухаккикон акидахои мухталиф вучуд дорад. Р. Гото ва X. Райхелт китобати онхоро ба асри 2, В. Б. Хннингг ба огози асри 4, Я. Харматта ба охири асри 2 нисбат медиханд. «Номаи бостон» дар Китобхонаи Британия (Музеи Британия, Лон­дон) махфузанд.

Ад.: Р о з е н б е о г Ф. А., Согдийские «Старые письма». К ранней истории сог­дийских колоний Центральной Азии, «Иав. АН СССР. VII серия, ООН», М* 5, JT.. 1932; Хромов А. Л.. Загадочные «Старые письма», г. «Коммунист Тад­жикистана», 15 сент. 1979.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.