Маълумоти охирин
Главная / Илм / Несмеянов Александр Николае­вич

Несмеянов Александр Николае­вич

Несмеянов Александр Николае­вич (таваллудаш 09. 09. 1899, Москва), химикорганики совети, акад. АФ СССР (1943; аъзо-корр. 1939), ходими чамъияти. Ду карат Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1969, 1979). Аъзои КПСС аз соли 1944. Несмеянов баъди хатми Университети Москва (1922) то соли 1951 (солхои 1948—1951 ректор) дар хамон чо кор кард ва дар як вакт корманди Институти нурихо ва инсектофунгитсидхо (1930—1934), Институти химияи органики (аз 1934; солхои 1939—1954 директор), акадкотиби шуъбаи илмхои химия (1946— 1951) буд. Солхои 1951—1961 президенти АФ СССР, аз 1954 директори Институти пайвастхои органикии элементхо, аз 1963 акад.-котиби шуъбаи илмхои химияи умуми ва органики.

Дар айни замон аъзои президиуми АФ СССР мебошад. Солхои 1947- 1961 раиси Комитети Мукофотхои ленини ва давлати оид ба илм ва техника. Дар кори Совети Умумичахонии Сулх Комитети Советии мухофизати Сулх фаъолона иштирок дорад. Несмеянов оид ба химияи пайвастхои органикии ме­таллхо бештар аз 1,5 хазор маколаю асархои илми эчод кардааст. Несмеянов роххои гуногуни ба якдигар табдил ёфтани пайвастхои органикии металлхоро омухта, усулхои содда ва ку­лаи аз пайвастхои органикии симоб синтез намудани пайвастхои органикии Mg, Zn, Cd, Al, Tl, Sn, Pb, Sb, Bi-po пешниход намуд.

Аз соли 1952 дар сохаи хосилахои ферротсен ва дигар пайвастхои «сандвичи»-и металлхои гузаранда тадкикот мебарад. Бо ташаббус ва тахрири Несмеянов (хамрохи К. А. Кочешков) оид ба усулхои синтези пайвастхои органикии металлхо як катор асархои ил­ми нашр гардиданд. Несмеянов аъзои 18 ака­демия ва муассисахои илмии хоричи, вакили съездхои 19 ва 20-уми КПСС, депутати Совети олии СССР (даъватхои 3—5), Лауреата Мукофо­ти. давлатии СССР (1943) ва Муко­фоти ленини (1966) мебошад.

Бо 7 ордени Ленин, ордени Байраки Сурхи Мехнат, Ордени Револютсияи Октябр ва медалхо мукофотонида шудааст.

Ас.: Избр. тр. т. 1—4, М., 1959; Хи­мия ферроцена, М., 1969; Элементоорга­ническая химия, М., 1970; Начало орга­нической химия, ки. 1—2, М., 1974; Ме­тоды элементоорганнческой химии. Ко­бальт, никель, платиновые металлы. М., 1978.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …