Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нематосидахо

Нематосидахо

Нематосидахои, нематисидахо (аз нематодахо ва лотини саеdo — мекушам, махв мекунам), моддахои химияви барон махви нематодахои растанихури зараррасон. Махсусан Нематосидахои хлорпикрин, бромиди метил, немагон, препаратп ДД, карботион, ки хусусияти фумиганти (хангоми дар холати газу бут ба воситаи узвхои нафас ба организми немато­да дохил шудан захролуд мекунад) доранд, пайвастхои фосфорорганикии контакти ё системави (карбо­фос, метилмеркаптофос, фосфамид) васеъ истифода мешаванд.

Нематосидахо таъсирашон системанок ба воситаи ре­шаю барг ба тамоми растани пахн шуда онро барои нематодахои паразит захрнок мекунад. Баъзе Нематосидахо (масалан, хлорпикрин) дорои таъсири комп­лекси (интектисиди, фунгисиди ва гербисиди) мебошанд. Барои махви нематодахои паразити решаи растанихо Нематосидахои  фумигантиро ба хок меандозанд ё барои коркарди пеш аз кишти тухми, пиёзак, бехмева ё ре­шаи кучат истифода мекунанд. Нематосидахои фосфорорганикиро ба баргу пояи растани мепошанд.

Усул, вакт ва меъёри истифодаи Нематосидахо  гуногун буда, ба шакл ва хусусиятхои препарат, типи хок, шароити мухит, намуди нематодахо ва растании мухофизи вобаста мебошад.  Нематосидахои барои растани захрнокро 10—40 шабонаруз пеш аз кишту кучат ё тирамох пеш аз кишти зироати соли оянда ба замин меандозанд. Агар Нематосидахоро хангоми кишту кучат ё дар давраи нашви зироат ба замин андозанд захрнокии онхо кам мешавад. Ба коидахои нигахдори, кашондану истифодаи Нематосидахо ва гайра риоя кардан шарт аст. Нигаред низ Касалихои нематодии растанй.

Ад.: Кирьянова Е. С., Крал ль Э. Л., Паразитические нематоды расте­ний и меры борьбы с ними, том 2, Ленинград 1971; Деккер X.. Нематоды растений и борьба с ними, Москва, 1972.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …