Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи маърифат

Назарияи маърифат

Назарияи маърифат гносе­ология, эпистемология, яке аз фаслхои фалсафа буда масъалахои бунёди маърифат ва имкониятхои он, таносуби дониш ва вокеиятро омухта, заминахои умумии маърифатро тадкик мекунад.

Дар фалсафаи дунёи кадим масъалаи асосии Назарияи маърифат масъалаи таносуби донишу тахмин ва хакикату иштибох буд. Зимнан дониш бо мавзуи худ алокаманд дониста мешуд. Масалан, агар Афлотун олами гояхоро мавзуъ ва хомили дониш донад, материалистони кадим табиатро мавзуи маърифат медонистанд. Фалсафаи атика донишро хамчун нусхаи махсуси ашё таъбир мекард. Дар натичаи чунин таъбир макоми фаъоли субъект дар чараёни маърифат аз мадди назар меафтид.

Дар асрхои миёна масъалахои Назарияи маърифат дар асархои Фороби, Ибни Сино, Ибни Рушд, Насируддини Туси ва дигарон мавриди бахс карор гирифта буданд. Вале дар таълимоти онхо Назарияи маърифат хамчун фасли алохидаи фалсафа сурат нагирифта буд. Масъалахои Назарияи маърифат дар доираи илмхои мантик, табииёт ва илохиёт тадкик мешуданд. Дар таълимоти фалсафии мутафаккирони Шарк масъалаи маърифати хадси (интуитиви) бештар мавзуи тахлил карор гирифтааст. «Андарёфтан ба ламс—навиштааст Ибни Сино,— зохир аст. Ва ба бисудан бувад ва гарми ва сарди ва тари ва хуш- ки ва сахти ва нарми ва дурушти ва нагзи ва гарони ва сабуки донад» (Ос. мунт., ч. 1, Д., 1980, с. 126). Ба акидаи Ибни Сино маърифат «иборат аз он аст, ки идроккунанда сурати идорашавандаро ба нахве аз нахвхо бигирад». Назарияи маърифат Ибни Синоро хамчун назарияи инъикос таъбир кардан мумкин аст, ки он маънии материалисти дошта, ба назарияи та­заккури Афлотун ва  идеализми субъективии инодия мукобил аст.

Дар таълимоти Ибни Рушд маъри­фат донистани сабаби ашё ва ходи- сахост. Дар масъалаи Назарияи маърифат Ибни Рушд пайрави назарияи инъикос бу­да, ба материализм моил аст. У исбот кардааст, ки лафзхои кулли натичаи инъикоси хосиятхои муштараки ашёву ходисот дар зехн ва акл мебошад. Ибни Рушд дар зимни мубохиса бо Мухаммади Газоли таъли­моти фалсафаи машшоъро дар бораи маърифати хиссию акли низ таракки ва вусъат додааст. Ба акидаи у маъ­рифати хисси натичаи дар узвхои хис мутамассил (инъикос) шудани сурати ашёи фард буда, маърифати акли дарки мохияти онхост. Бар хилофи ин мутафаккирон Мухаммади Газоли лафзхои куллиро мафхумхои сирф акли пиндошта, акидаи мутакаллимон ва исломи расмиро доир ба Назарияи маърифат вусъат додааст. Ба акидаи Faзоли машхур ва макбули умум будани гояи офариниши олам далели хакконияти назарияи офариниш аст. У даъво мекард, ки имкон доштани хастии абади харгиз барои кадимии олам далел шуда наметавонад, зеро «имконият» мафхуми сирф аклист. Илова бар ин Газоли оламро маърифатнопазир медонист. Таълимоти ашъария ва калом ба Назарияи маърифат. Газоли каробат дошт. Тасаввуф ба маъри­фат тобиши ирфони дода, маърифати хакикати аввал (худо)-ро ба маркази таълимоти худ гузошт. Дар тасаввуф маърифати хадси ба макоми ба­ланд расида, маърифатпазирии мантикию ратсионалии олам бошад мав­риди инкор карор мегирад.

Дар фалсафаи асрхои миёнаи Ев­ропаи Гарби Назарияи маърифат ва фалсафа умуман тахти зулми калисо карор ги­рифта, рухияи мударриси (схоласти) дошт. Дар акоиди файласуфони давраи Эхё (охири асрхои 15—16) ва файласуфони буржуази, хусусан файласуфони асри 17 Англияю Франсия та- моюлоти нав инкишоф ёфт. Намояндагони афкори пешкадами давраи Эхё (Николаи Кузани, Леонардо» да- Винчи, Б. Телезио, Г. Галилей) мате­матика, механика, мубориза бар зидди таълимотхои ирфони, робитаи масъалахои назариро ба талаботи амалия дар мадди аввал мегузоштанд.

Дар асри 17 вобаста ба инкишофи прогрессивии куввахои истехсолку- нанда зарурати эчоди методи нав — методи маърифати табиат ба миён омад. Халли ин масъала боиси тадкики методи индуксия ва дедуксия гардид. Методи индуктивии маърифатро Ф. Бэкон эчод карда, онро то дарачаи методи фалсафи бардошт ва ба эмпиризми материалисти асосгузошт. Р. Декарт ратсионализмро ба схоластика мукобил гузошта, методи дедуктивиро пеш мегирад. Аммо Де­карт хамчун дуалист таълимоти идеалистии идеяхои фитриро пешниход кард. Таълимоти идеяхои фитриро файласуфи франсави П. Гассенди ва файласуфони англис Т. Гоббс ва Ч.  Локк танкид карданд. Ч.  Локк Назарияи маърифат сенсуалистиро тадкик намуд. Фалсафаи сенсуалистии Локк эхсо- сотро манбаи дониш медонад. «Эхсосхоро ба асос гирифта, хам бо рохи субъективизм, ки ба солипсизм оварда мерасонад («чисмхо комплекс ё комбинатсия» эхсосхо мебошанд»), рафтан мумкин аст, хам бо рохи объ­ективизм, ки ба материализм оварда мерасонад (эхсосахо сурати чисмхо, сурати олами беруна мебошанд), рафтан мумкин аст» (Ленин В. И., Ас., ч. 14, с. 137). Рохи якумро файласуфони англис ТС. Беркли, Д. Юм ва дигар намояндагони идеализми субъективи пеш гирифтаанд. Рохи дуюмро дар Назарияи маърифат файласуфони асри 18-и Франсия Э .Кондиляк, К. Гелветсий, Д. Дидро ва дигарон идома доданд. Ба акидаи онхо вокеияти объективи дар эхсосот акс шудааст. Вале Назарияи маърифати ин мутафаккирон мурокибави буд (онхо макоми амалияи чамиятию таърихиро дар маърифат наме- фахмиданд).

Фалсафаи классикии немис масъалахои Назарияи маърифатро бо тадкики инкишофи таърихии шаклхои амалию маърифатии фаъолият мепайваст. И. Кант табиати гносеологии дониши назариявиро тахкик карда, барои мукаррар кардани асосхои фалсафии илм кушидааст. Мувофики Назарияи маърифати И. Кант тачриба ибтидои дониш аст, лекин дониш аз тачриба пайдо намешавад. У зухурро ба моният мукобил гузошта, дар бораи маърифатнопазирии «чизи дар худ» хулоса баровард. Faйp аз ин Кант гносеологияро аз онтология, чудо карда, «Назарияи маърифати холис»-ро офаридани буд. Дар фалса­фаи томарксисти масъалаи робитаи онтология ва гносеологияро аввалин бор Г. Гегел нисбатан пурратар хал кардааст. Г. Гегел просесси инкишофи таърихро хамчун худинкишоф, худмаърифати рухи мутлак медонист. Аммо дар таълимоти ирфонии Гегел оид ба чараёни маърифат фикрхои амики диалектики чой доштанд. У маърифатпазирии оламро коил аст. Гегел дар заминаи объективию идеалисти приниипи мутоби- кати диалектика, мантик ва Назарияи маърифатро ифода намуд.

Ибтидои асри 20 дар фалсафаи буржуази ирратсионализм ва интуитивизм (А. Бергсон) васеъ интишор ёфтанд. Прагматизми У. Чемс хакикати объективиро инкор карда, танхо чизи барои максадхои амали муфидро хак медонист. Караёнхои сершумори фал­сафаи буржуазии муосир (позитивизми мантики, неопозитивизму фал­сафаи тахлили ва гайра) Назарияи маърифати пешина ва умуман мероси фалсафаи классикиро номаъкул мешуморанд. Мувофики позитавизми мантики масъалахои Назарияи маърифат (муносибати субъект ба объект, табиати вокеият ва гайра) масъалахои сохтаанд. Инструментализм (Ч. Дюи) ва экзистенсиализм низ гносеологияи классикиро танкид мекунанд.

Назарияи маърифати фалсафаи марксисти-л е н и н и. Мувофики фалсафаи марксистию ленини маърифат про­сесси диалектикии инъикоси ашё

ва падидахои олами вокеи, робита ва муносибати конунии онхо дар зами­нам амалияи чамъиятию таърихии инсоният аст. Нуктахои асосии Назарияи маърифати марксистиро В. И. Ленин чунин ифода намудааст: «1) Чизхо новобаста ба шуури мо, новобаста ба эхсоси мо, берун аз мо вучуд доранд… 2) Дар байни ходиса ва чизи дар худ хеч як фарки принсипие нест ва намета- вонад бошад. Факат дар байни чизи донисташуда ва чизи хануз дониста- нашуда фарк аст… 3) Дар назарияи маърифат хам мисли хамаи сохахои дигари илм, ба тарзи диалектики мухокима рондан лозим аст, яъне дониши моро дониши тайёр ва бетагйире гумон накарда, балки санчида баромадан лозим аст, ки чи зайл аз н а донистан дониш ба зухур меояд, чи зайл ин дониши нопурраи носахех пурратар ва сахехтар мегардад» (Ас., ч. 14, с. 108—109). Назарияи маърифати материализми диалектики пайваста бо диалектика ва мантик инкишоф меёбад. Материализми диалектики, ки илм дар бораи конунхои умумии хам харакати олами беруни ва хам тафаккури инсон аст, хамчун таълимоти фалсафи оид ба маърифат, чун мантик ва Назарияи маърифати марксизм амал менамояд. Назарияи маърифати марксисти бар хилофи гносеологияи гузашта, танхо таълимот дар бораи конуниятхои махсуси маърифат набуда, инчунин натича, чамъбаст, хулосаи Назарияи маърифати олам аст. Дар фалсафаи марксистию ленини мавзуи махсуси гно­сеологии муносибати шуур ва мате­рия, маънавиёту моддиёт, меъёри хакконияти дониш, таносуби хиссиёту мантикиёт, масъалахои инъикос, амалия, таърихият ва гайра дар асоси методи диалектикаи материалисти ва дар робита бо материализми таърихи тадкик мешаванд.

Ба акидаи В. И. Ленин табаддулоти револютсионии марксизм дар Назарияи маърифат аз он иборат аст, ки К. Маркс ва Ф. Эн­гелс «ба асоси назарияи маърифати материализм меъёри амалияро дохил мекунанд» (Ас., ч. 14, с. 151). Тавассути амалияи чамъиятию таърихи марксизм аз мавкеи материалисти фаъолиятмандии шуурро дар маърифат ва дигаргунсозии вокеият аз назари илми таъбир карда,, ди­алектикаи гузарширо аз зинаи хисси ба зинаи аклии маърифат ошкор сохтанд. Амалия асоси ташаккул ва ин- кишофи маърифат дар хама зинахои он, манбаи дониш ва меъёри хакко- нияти натичаи чараёни маърифат аст. Тафаккури назарияви аз аб­стракт ба суи конкрет инкишоф ёфта, бо принсипи ягонагии мантикиёту таърихият ва тахлилу таркиб робитаи чудонашаванда дорад. Хусусияти конкретию таърихии маърифат, тагйироти сохти мантикии онро таянхо тавассути риояи катъию пайгиронаи принсипи таърихият дар Назарияи маърифат муайян кардан мумкин аст.

Одам вокеиятро дар шаклхои гуногун — эмпирики ё маърифати хисси ва аклони ё тафаккури мантики дарк мекунад. Мурокибаи зинда (эхсосот, идрок, тасаввурот) шакли ибтидоии маърифат аст. «Аз мурокибаи зинда ба суи тафаккури абстракти ва аз тафаккури аб­стракти ба суи амалия— чунин аст рохи диалектикии донистани х а к и к а т, донистани реалияти объективи» (Ленин В. И., Ас., ч. 38, с. 170). Маърифати акли на танхо нисбат ба маърифати хисси маълумоти бойтар медихад, балки ба сохту мазмуни он низ таъсир мера­сонад.

Натичаи чараёни маърифат инъикоси айнии (адекватии)  вокеияти объективи буда, хамеша мазмуни объективи дорад ва хакикати объективиро ташкил  медихад. Эътирофи хакикати объективи нуктаи асосии гносеологияи материалистист.

Чавхари Назарияи маърифати материализми диа­лектики принсипи инъикос аст. Инъ­икос мафхуми асосии гносеологияи марксистист. Назарияи маърифати марксизм ба кавли В. И. Ленин назарияи инъикоси падида, ашё ва просессхои олами модди дар шуури одам аст. Назарияи маърифати марксистию ленини сохаи мах­суси дониши фалсафист, ки аз халли масъалахои мухимтарини чахонбини бар канор буда наметавонад.

Ад.: Энгелс Ф., Анти-Дюринг, Д., 1076; Л е н и н В. И., Материализм ва эм­пириокрититсизм, Ас., ч. 14, х а м о н  м у а л л., дафтархои философи. Ас., ч. 38; Асосхои фалсафаи марксисти-ленини, Д., 1977; Современные проблемы теории по­знания диалектического материализма, т. 1—2, М., 1970; Ленинская теория отраже­ния и современная наука, т. 1—3, София, 1073; К о п н и н П. В., Гносеологические и логические основы науки, М., 1074.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …