Маълумоти охирин

Наргис

Наргиса, абхар, гули кахд (Narcissus), чинси гиёхест пиёзакбех аз оилаи косагулхо; гули хушбуи навбахор. Баландиаш 20—60 см, аз 2-то 6-то барги дарози тасмашакл дорад. Дар як пояи он аз 1-то 15-то гул мешукуфад.

Гулаш 6-баргаб  калон (диаметраш 2—10 см), сафед ё зард, мевааш гузаи сепаллаи сертухм, тухмаш мудаввар ё  гушадори сиёх.  Пиёзакаш байзашакл (дарозиаш 2,5—5 см, диаметраш 2 — 5 см), кахваранг. 60 (аз руи маълумоти дигар  кариб 30) намуди Наргис асосан дар Европаи Чануби ва кишвархои бахри  Миёназамин меруяд.  Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ (маргзори куху дома- накух, бешаи кушод, чойхои сернами Закарпатия) факат 1 намуди худруи Наргис (N. angustifolius) месабзад, ки онро хамчун гиёхи нодир ба «Китоби сурх»-и набототи нодири ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ дохил кардаанд. Дар бисёр нохияхои мамлакатамон ва аз он чумла дар Точикистон якчанд намуди Наргис (N. po6ticus — Наргисии шахло ё шахлонаргис — нигаред расм, N pseudonarcissus, N. tazetta, N. jonquilla ва гайра)-ро парвариш мекунанд. Дар мавзеи Сирзори pайони Орчоникидзеобод кариб 1 га наргисзори табии — N. poSticus (пештар беш ап 5 га будааст) вокест.

Наргис асосан аз пиёзакаш зиёд мешавад. Барои нашъунамои хуби хамаи намудхои Наргис замини офтобруя лозим аст, вале дар чойхои нимсоя ва сернам хам хуб месабзанд. Регхок, гилхоки серрегу пору ба сабзиши муътадили Наргис мусоидат мекунад, Ба хок пору ва баргхои пусида андохтан лозим аст. Моххои сентябр — октябр пиёзакро ба раддахо ба чукурии 5 — 12 см мешинонанд, ки баъди 2—3 сол гул мекунад. Пиёзаки Наргис  дар як чо аэ 3 то 10 сол месабзад. Агар Наргис бо усули кишти тухми сабзонда шавад, баъди 6—7 сол мешукуфад. Вале хелхои Наргиси резагул баъди 3—4 соли кишти тухми гул мекунанд. Наргис дар шароити Точикитон охири  феврал

ва аввали  март мешукуфад. Айёми гулшукуфти баъзе хелхои Наргис то 20 руз давом мекунад.

Наргис гули кадимист. Дар Юнони Кадив Наргисро гули шахидон мехисобиданд. Римихо бо Наргиси зард голибони чангро пешвоз мегирифтанд. Дар Пруссия Наргис рамзи мухаббат ва оилаи хушбахт буд. Дар Швейтсария хар сол аввали мохи май гули Наргисро ид мекарданд.  Гули Наргис дар байни точикон низ маъмул аст. Носири Хисрав гуфтааст: «…ба сахрое расидем, ки хама наргис буд шукуфта, чунон ки тамомати он сахро сапед менамуд аз бисёрии наргисхо» («Сафарнома», Душанбе 1975, сахифаи 17). Дар ин ду байта Тохири Чагони латофату таровати Наргис басо хуб тавсиф шудааст:

Он гуле, к-аз сок аа минои сабз

Бар сараш-бар саму зар омехта,

Нохуни хур аст, гуй, гирд-гирд,

Дидаи боз аз миён-ш ангехта.

Наргисро ба Европа с. 1570 бурдаанд. Вале дар бисёр кишвархои Европа асосан баъди руёндани аввалин хелхои богии Наргис (асри 19) маъмул шуд. Холо зиёда аэ 12 хазор хели Наргис ба хисоб гирифта шудааст. Хамаи хелхои Наргиси бустони дар натичаи дурага кардани намудхои N. albicans, N. Ы- coloe, N. cyclamineus, N. hispanicus, N. jonquilla, N. moschatus, N. nobilis, N. tazetta ва гайра пайдо шудаанд.

Хамаи намудхои Наргис захрноканд.  Наргис  барои хайвоноти хочагии кишлок низ захр- нок аст. Аз Наргис бештар буз, хук ва гов захролуд мешавад. Захролудии чорво баъди хурдани пиёзак ё баргу пояи Наргис  зуд зохир мегардад. Аломатхои асосии захролуди кай, варами шикам, исхол ё кабзияти меъда, тез шудани нафаскаши ва набз, баланд шудани харорат, сусти ва дигархоанд. Чорвое, ки сахт захролуд шудааст, пас аз 2—3 руз нобуд мешавад.

Абуалии Сино бо равгани гул ва мархами бехи Наргис иллату омоси асаб, дарди банд ва пешобдонро табобат мекард. Пиёзак, баргу пояи Наргис то 1% алкалоид (ликорин, татсеттин, панкратин, галантамин, нарведин ва гайра) дорад. Маълум аст, ки хлоргидрати ликорин дар амалияи тибби муосир хангоми илтихоби музмин ва шадиди шуш ва рохи нафас чун доруи балгамовар истифода мешавад. Аз ин ру баъзе намудхои Наргис (мае., N. tazetta, ки дар пиёэакаш то 0,5%’ ликорин хаст) чун ашёи хом барои истехсоли ликорин тавсия шудааст. Дар баъзе давлатхо (Франтсия, Италия) Наргис (N. jonquilla, N. poSticus, N. pseudonarcissus ва гайра)-ро барои истехсоли равгани эфир мепарваранд. Аэ равгани эфири Наргис навъхои аълои атр тайёр мекунанд. Хушбуии равгани эфири Наргисро хануз Диоскорид (а. 1 и.) таъриф карда буд.

Ад.: В о у л  Е. А., Нартсиссы, М , 1937; ТСветоводство Таджикистана, Д.,

1065; Артюшенко 3. Т., Амариллисовые ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ., Л., 1070; Гаммермап А. Ф.!пв диг., Лекарственные растения, М., 1075; Декоративные травянистые растения для открытого грунта ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, т. 1, Л., 1077.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …