Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Нанайхо

Нанайхо

Нанайхо (худ нанай гуянд, но­ми кадимиашон голдхо), халкест, ки асосан дар сохилхои поёноби дарёи Амур (кишвари Хабарови РСФСР) ва шохобхои рости дарёи Уссури (кишвари Приморияи РСФСР) маскунанд. Шу- мораашон дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ такрибан 10,5 хазор нафар (1979). Гурухи хурди Нана дар Хитой, байни давлатхои Сунгари ва Уссури низ зиндаги мекунанд. Ба забони нанайи ва кисми зиёдашон ба забони руси гап мезананд. То ибтидои асри 20

катъи назар аз пахн шудани мазхаби православи, шамания таъсири калон дошт. Дар этногенези Нана ачдодони ахолии махаллии Приамурия, инчунин гуруххои гуногуни тунгусу манчур ва эхтимол, мугулхо иштирок кардаанд. Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ аксарияти Нана дар колхозхо кор мекунанд. Дар колхозхо баробари хочагии анъанавии мохигири ва шикор, чорводорию дехкони низ таракки мекунад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …