Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нахлии Бухорои

Нахлии Бухорои

Нахлии Бухорои (такрибан 1581—86, Бухоро — такрибан 1645 — 50, Балх), шоири точик. Бо тахаллуси «Кироми» хам шеър гуфтааст. Дар зодгохаш хату савод баровард. Чанд муддат дар Мадраса тахсил карда, аз илмхои расмии замон бахраманд гардид. Аз чавони ба шеъргуи пардохтааст. Нисори дар «Музаккир-ул- ахбоб» хабар медихад, ки «Мавлоно Нахли сурати хуб ва сурати маргуб дорад.

Суханонаш дилкашу махбуби арбоби кулуб аст». У газалеро хамчун намунаи ашъори Нахлии бухорои низ овардааст. Мутриби хам Нахлии бухороиро хамчун шоири номи ёд мекунад. Шухрати Нахлии бухорои уро ба дарбори Имомкулихон кашид. Дар дарбор хам зиндагии Нахлии бухорои якмаром намегузарад. Авомфиребии ахли чох, фиску фучур, бекадрии сухан ва гайра боиси он мегардад, ки Нахлии бухорои дарборро тарк намояд. Нахлии бухорои шоири сохибдевон буда, газал, касида, рубои, китъа, маснави, таркиббанд ва гайра сурудааст. Махсусан дар газалсарои мумтоз будааст. Шикоят аз замона, тараннуми ишки пок, панду хикмат ва гайра аз мавзуъхои ашъори у мебошад.

Адабиёт: С а й ф и е в Н., Нахлии Бухорои, Душанбе, 1969.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …