Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Малайзия

Малайзия

МАЛАЙЗИЯ (Malaysia), Федерацияи Малайзия, давлат дар Осиёи Чанубу Шарки, дар чануби нимчазираи Малакка (Малайзияи нимчазирави), дар Шимол ва Шимолу Гарбии чазираи Калимантан (Сабох ва Саравак). Бо Тайланд, Индонезия, Бруней хамсархад буда, Аз чазираи, Суматра бо гул. Малайка ва аз чазираи Сингапур бо гулугох чахор чудо аст. Аз 13 штат-иёлат (9 штат— мулки султони, 4 штат-губернатори) иборат аст. Масохати малайзия 333 хазор км мураббаъро ташкил медихад. Ахолиаш 31 млн. сомони (2017с.). Пойтахташ —Куала-Лумпур.

kualalumpur_malaiziya
ш. Куала-Лумпур (Пойтахти Малайзия)

Сохти давлати. Малай— хокимияти мутлакан конституциони. Сардори давлат хокими олист, ки уро Шурои хокимон, хокимони штатхо ба мухлати 5 сол интихоб мекунанд. Органи олии хокимияти конунбарор парламент аст, ки он аз 2 палата — Сенат на Палатаи намояндагон иборат. Органи олии ичроия — хукумат (кабинети вахирон) бо сардории сарвазир.

Системаи суди: суди федерали ва ду Суди оли, судхои округи, судхои шариати ва г.

Ахоли. Ахолии мамлакат аз чихати таркиби этники хеле мураккаб буда, дар он малаихо, хитоихо, халкхои аслашон аз Хиндустон, Покистон ва Вангладеш, даякхо, кадазанхо, моланау, бачу ва дигар халкхо зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км² беш аз 32 нафар Забони давлати — малай. Дини хукмрон — ислом. Шахрхои калон: Чортгаун, Ипох-Чохор-Бару, Кланг, Малакка.

Табиат. Малайзия дар минтакаи экватори чойгир аст. Кисми зиёди нимчазираи Малакка аз теппаю куххои паст ва нисбатан баланд иборат аст (1000— 2000 м). Нуктаи баландтаринаш к. Тахан (2190 м.) Кисми сохили пасти хамвор (бараш то 90 км), Сохилхои чазираи Калимантан хамворанд. Дар кисми миёнаи он теппа ва куххо (баландиашон 2000—2400 м) вокеанд. Нуктаи баландтарини Малайзия к. Канибалу (4101 м). Сарватхои зеризамини: калъаги, охан, боксит, ангишту нефт ва г. Иклимаш экватори, дар Шимоли субэкватори, муссони. Харорати миёнаи мохона дар давоми сол 25°— 28° С. Боришоти солона дар районхои сохили 2000—5000 мм. Дарёхои Рананг, Паханг, Барам ва г. серобанд. Хокаш хокистарии латерити, дар пастихо —аллювиали. Аа кисми терр. Малайзияро чангалхои тропикии сернам (нахл, бамбук ва г.) пушонидаанд. Олами хайвоноташ бой аст (фил, каркадани душоха, хирс, паланг, юз, шохбарзагов, маймунхои одамшакл (орангутанг, гиббон). Растанихои тропики ва хайвоноти тропики дар курукхои миллии Таман-Негара ва Бако гирд оварда шудаанд.

Малайзия дар Харита

Очерки таърихи. То соли 1963 дар терр. хозираи Малайзия колонияхои Англия — Малайя, Саравак ва Сабох вокеъ буданд.

Малайя. Дар замонхои кадим дар терр. Малайя кабилахои негруавстрали ва австронези сокин буданд. Дар ибтидои хазораи 1 м. кабилахои малай маскан гирифтанд. Аввалин давлатхои феодалии Малайя асрхои 1—3 м. ташкил шуданд, ки асри 8 ба империяи Шривичайяи Суматра тобеъ шуданд. Дар асри 13 князихои шимоли ва Мачапахита князихои чанубиро тасарруф карданд. Малайя

Малайзияи Шарки (Сабох). Шолизор. асрхои (б—16 ба хайати мулки султонии Малакка дохил буд. Асрхои 16—18 парокандагии давлатхои феодали афзуд, ки дар натичаи он мустамлмкадорони Португалия ва Голландия ба ин сарзамин cap дароварданд. Аа охири асри 18 экспансияи Англия cap шуд. Мамлакат ба манбаи ашьёи хоми монополияхои Англия табдил ёфт. Дар рафти муборизаи зидди мустамликадорон (ибтидои асри 20) аввалин ташкилотхои буржуази-домократи, солхои 20 кружокхои марксисти ва иттифокхои касабаи демократи ба вучуд омаданд. Соли 1930 Партияи Коммунистии Малайя (ПКМ) ташкил шуд. Солхои 1941—42 Малайяро Япония забт кард. Тахти рохбарии ПKM дар мамлакат харакати озодихохона авч гирифт. Охири соли 1942 дар Малайя бар зидди кушунхои Япония армияи халки ташкил ёфт, ки он чандин районхои мамлакатро аз асорати истилогарон озод кард ва дигаргунсозихои демократи гузаронад. Баъди таслим шудани Япония (сентябри 1945). ба Малайя кушунхои Англия даромаданд. Мархилаи нави муборизаи озодихохона cap шуд. Дар зери фишори муборизаи озодихохона хокимияти сиёси ба дасти феодалони Малайя ва буржуазхои калон гузашт. 31 августи 1957 истиклолияти мамлакат эълон шуд. Аммо баъди бастани шартнома доир ба мудофиа ва ёрии байнихамдигари бо Британияи Кабир (соли 1957) базахои харбии Англия дар территорияи Малайя боки монданд.

Дар асри 16 Сабох ба хайати мулки султонии Брунси ва Сулу дохил буд. Солхои 1877—78 Сабохро консули Австрия-Венгрия дар Гонконг Овербек ва точири англис Дент ба даст дароварданд. Солхои 1942—45 кушунхои ягон Сабохро забт карда буданд. Аз соли 1946 Сабох мустамликаи Британияи Кабир гардид. Аз соли 1963 штати Малайзия мебошад. Саравакиз асрхои аввали милод маълум аст. Терр. он ба давлатхои Шривичайя ва Мачапахита, баъд аз асри 16 то нимаи якуми асри 19 ба султони Бруней тобеъ буд. Соли 1841 Саравакро мочарочуи англис Ч. Брук ба даст даровард; солхои 1861, 1882, 1885, 1890, 1905 г ва ворисонаш мулкхои худро аз хисоби мулки султонии Бруней васеъ карданд. Сои 1850 ШМА ва соли 1964 Брнтанияи Кабир Саравакро хамчун давлати сохибистиклол эътироф намуданд. Соли 1888 Саравак протекторат, соли 1946 мустамликаи Англия шуд. Соли 1963 Саравак хамчун штат ба федерацияи Малайзия дохил шуд.

malaiziya_budo

Дар солхои охир дар мамлакат зиддиятхои ичтимоию иктисоди, дар чамоахои малай, хитой ва хинди рухияи миллатчиги, дар 2 штати Малайя Шимоли (дар чазираи Калимантан) тамоюлхои сепаратисти боки монданд. Чун солхои пешина доирахои хукмрони феодалию буржуази, бар хилофи сиёсати Хитой, рохи мустахкам намудани мавкеъхои иктисодии малаихоро давом доданд. Асоси рохи сиёсати берунии Малайя хамрох нашудан ба блокхо, хамзистии осоишта, ба «минтакаи сулх, озоди ва бетарафи» табдил додани Осиёи Чанубу Шарки (ОЧШ), баробари нигох доштани робитахои мустахкам бо Британияи Кабир, Япония, ШМА ва Австралия, дар доираи АСЕАН инкишоф додани хамкории регионали буд. Рохбарияти Малайя нисбат ба дигаргунихои революциони дар Кампучия мавкеи манфи ишгол намуд, Совети революционии РХК-ро эътироф накард. Малайя дар сессияи 34 Ассамблояи Генералии ТДМ ваколатхои «намояндаи» Пол Потро тарафдори кард ва яке аз муаллифони резолюцияс буд, ки он дахолатро ба корхои дохилии РХК пешбини менамуд. Дар айни хол тарафдори давом додани гуфтушунид бо РСВ, мудобили конфронтации байни мамлакатхои аъзои АСЕАН ва давлатхои нимчазираи Хиндустон буд.

Партияхои сиёси ва иттифокхои касаба. Партияхои коалицияи хукмрон дар Фронти милли (ФМ) муттахид гардидаанд. Партияхои асоси дар ФМ: Ташкилоти муттахидаи миллии Малайя, соли 1946 таъсис ёфтааст. Манфиатхои феодалон ва буржуазияи Малайяро ифода мекунад. Ассоциацияи хитоии Малайзия, соли 1946 таъсис ёфгааст. Партияи калонтарини буржуазияи махаллии хитоиён, Конгресси хиндустонии Малайзия. Соли 1949 таъсис ёфтааст. Манфиатхои хиндуёни сарватманди махаллиро ифода мекунад. Партияи амалиёти демократ б. Соли 1966 таъсис ёфтааст. Партияи исломии панмалаи.

Соли 1951 таъсис ёфтааст. Партияи Коммунистии Малайя. Соли 1930 таъсис ёфтааст, аз соли 1948 дар шароити гайрилеали. Дар зери таъсири маоистон мебошад. Конгресси иттифокхои касабаи Малайзия. Соли 1949 таъсис ёфтааст.

Хочаги. Малайя— мамлакати аграри буда, саноати маъдани кухиаш таракки кардааст. Иктисодиёти он ба монополияи хоричи, асосан ба монополияхои Англия тобеъ мебошад; солхои охир ба Малайя монополияхои Япония, Америка ва дигар давлатхо торафт бештар cap медароранд, роли капитали хитоихои махалли меафзояд. Хукумат планхои панчсолаи тараккиётро (барои солхои 1966—70 ва 1971—75) кабул кард. Соли 1975 дар натичаи кризиси иктисодие, ки чахони капиталистиро фаро гирифта буд, суръати тараккиёти иктисодии Малайя хеле суст шуд. Xочагии кишлок. Хиссаи махсулоти умумии миллиро медихад, дар он 65% ахоли кор мекунад. Хочагии плантационии капиталисти, ки асосан барои экспорт махсулот мебарорад, хеле таракки кардааст. Малайя ба хорича каучук, равгани чавзи хинди, мурч, ананас, чой, вюли мефурушад. Мохигири хам инкишоф ёфтааст. Дар барбоари сохахои саноати маъдани кухи ва коркарди ашьёи хоми хочагии кишлок саноати мошинсози (заводхои васли автомобил, мотоцикл, мошинхои хочагии кишлок) электротехника ва электроника, саноати химия (лок, нурихои минерали) инкишоф меёбад. Корхонахои начандои калони саноати бофандаги, чубгари, саноати хуроквори мавчуданд. Косиби-хунарманди (кулоли, заргари ва г.) аз кадим маъмул аст. Тули рохи охан 1815 км ва автомобилгард 27 хазор км (1976). Наклиёти бахри (бандархои Пинанг, Савдакав) роли мухим мебозад. Дар Куала-Лумпур, Пинанг ва Кота-Канибалу аэропорт хаст. Соли 1970    байни Москва — Куала-Лумпур алокаи хавои кушода шуд.

Малайзия аз хорича мошин ва тачхизот, сузишвори, молхои химияви, металлхои сиёх мехарад. Шарикони асосии савдояш: Япония, Сингапур, ШМА, Австралия, Британияи Кабир. “Вохиди пул — ринггити Малайзия.

malayiho

Адабиёт. Адабиёт ба забонхои малай, хитои, тамили ва англиси инкишоф меёбад. Адабиёти малайзабон мавкеи асоси дорад. Сардафтари адабиёти нави Малайя Абдуллох ибни Абдулкодири Мунши (1796—1854) мебошад. Мунши дар асари худ «Кисса бар васфи Абдуллох» (1849) нобаробарихои ичтимои, чохилии феодалонро танкид мекунад. Солхои 1925—26 «Фарида-хонум» ном романи Саидшайх ибни Ахмади Ходи, ки хаёти хамон солхои Мисрро инъикос мекунад, ба хонандагон расид. Ахмад Навоби ибни Мухаммадали, Ахмад ибни Исмоил ва дигар асархои зиёд эчод намудаанд. Ахмад ибни Хочи Мухаммадрашиди Тол романхои «Дусти хакики», «Салма» ва дигар романхои дидактики офаридааст.

Солхои 30 таъсири адабиёти нави Индонезия афзуд. А. Самад ибни Ахмад, А. Бахтиёр, Р. Мансур ва дигарон дар рухи милли асархо офариданд. Алалхусус дар романи арбоби харакати милли Абдуллохи Сиддик «Якчоя мубориза барем» (1941) гояхои ватанпарвари ва мубориза бар зидди мустамликадори ба хуби ифода ёфтааст. Дар солхои 1945—57 дар адабиёт асархое, ки дар онхо хаёти халк инъикос гардидааст, мавкеи асоси ишгол намуданд. Соли 1950 як гурух нозиму носирон, аз чумла К. Мас, У. Аванг, М. Асраф, А. Самад Исмоил ва дигар иттиходи «Авлоди солхои 50»-ро ташкил намуда, «Санъат барои чамъият»-ро шиори худ карор доданд. Солхои 60 А. Самад Саид («Селина», 1961), А. Ват («Гардиш», 1965), А. Али («Бухрон», 1966), А. Самад Исмоил («Вазир», 1967), С. Усмон Келантан («Шаббодаи шимолу шарки», 1969) ва дигар асархоро офаридаанд, ки дар онхо мехру мухаббати халк нисбат ба ватани худ ва адовату нафрат нисбат ба мустамликадорон инъикос гардидааст. Дар Малайя ба забони тамили (К. Перумал, Г. С. Шаимугам) ва дигар забонхо асархо эчод мешаванд.

Маориф. Мактабн ибтидои 6-сола, мактабхои миёна ба ду зина, синфхои поён 3-сола ва синфхои боло —2 ва 4-сола таксим мешавад. Тайёрии касбхои техники дар мактабхои касбхои техники ва курсхои педагоги, ки дар базаи мактаби миёна кор мекунанд, гузаронида мешавад. Соли тахсили 1974/75 дар мактабхои ибтидои 2,3 млн, дар мактабхои миёна 93,5 хазор, дар системаи тайёрии касбхои техники 54,2 хазор нафар талаба мехонд. Дар мамлакат чунин мактабхои оли: Университети Малайя, (таъсисаш 1962, Куала-Лумпур), Университети илмхои табиатшиноси (таъсисаш 1969, Пинанг), Университети технологи (таъсисаш 1954, Куала-Лумпур), Университети хочагии кишлок (таъсисаш 1973, Селангор), Университети милли (таъсисаш 1970, Куала-Лумпур) мутахассисхои гуногун тайёр мекунанд. Китобхонахои калон: Китобхонаи давлатии Саравак, китобхонаи университет, Китобхонаи миллии Куала-Лумпур. Дар Малайя 5 музей хаст.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1976 дар мамлакат газетахои харруза ба забони малай: «Утусан Мелайю» («Utusan Melau»), «Берита хариан» («Berita Harian»), «Утусан Малайзиа» («Utusan Malaysia»); ба забони англиси: «Нью стрейтс тайме» («New Straits Times»), «Малай мейл» («The Malay Mail»); ба забони хитои: «Наньян шанъбао», «Синьчжоу жи-бао», «Чжунго бао»; ба забони тамили: «Тамил несан», «Тамил малар» чоп мешуд. Дар Сабох, Саравак ва дар баъзе шахрхои калон газетахои махалли нашр мешаванд. Агентии миллии ахборот — Бернама (1967) ва телевизион (1963) кор мекунанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …