Маълумоти охирин

МУСТАЗОД

sherМУСТАЗОД (ар. —зиёд кардашуда), як шакли шеър аст, ки пас аз як мисраъ ё як байти он шоир як ё ду фикраи мавзун илова мекунад. Фикрахо кофияи алохида доранд ва ё бо мисраи байти асли хамкофия мешаванд. Масалан:

Дар хоб чамоли ёри худ медидам.

Дар айни сафо.

В-аз боги висоли у гуле мечидам,

Бе хори чафо.

Мурги сахари зи хоб бедорам кард,

Гуё зи хасад.

Эй кош, ки бедор намегардидам.

То рузи чазо.

Мустазод дар назми форс-точик дар заминай суруду рубоиёти халки ва бо кушишхои навчуёнаи шоирон такрибан аз асри 11 ривоч гирифт. Мустазодхои аввалин дар эчодиёти Абусаиди Махнай, Масъуди Саъди Салмон, Умари Хайём, Фаридуддини Аттор ва дигар ба назар мерасанд. Мустазод аз кадим бо созу наво робитаи кави дошта, эчодкорони он мусикии халки ва классикиро неку медонистаанд ва ин кабил ашъор асосан барои хондану суру-дан навишта мешудаанд. Мустазод махсусан дар асрхои 13—14 бо эчодиёти Чалолуддинн Руми, Хисрави Дехлави, Хочуи Кирмони, Ибни Ямин. Камоли Хучанди ва дигар аз чихати шаклу мундарича суфтаю амиктар шуда, ба авчи инкишоф расид. Дар ни давра Хисрави Дехлави, Шамси Фахри ва дигар фаслхои махсуси асархои адабиётшинос»и худро ба назарияи Мустазод бахшидаанд. Дар асрхои 15— 17, ба истиснои баъзе Мустазодхои Абдур-рахмони Чоми, Хилоли, Сайидо, Мустазод дар адабиёти точик хеле кам мушо-хида мешавад. Аз асрхои 18—19 дар натичаи тагйироти ичтимоию сиёсй Мустазод аз нав чон гирифт. Дар ин давра Мустазод бештар бо ду рох — пайрави ва чавобу назиранависи ва тазмини рубоиёти шоирони бузурги гузашта инкишоф ёфт. Дар адабиёти советии точик Мустазод оханги баланди ичтимои гирифт. Намунаи аввалин ва бехтарини онро Садриддин Айни эчод кард: «Ба шарафи инкилоби Октябр», «Таронаи камбагалон», Абулкосим Лохути («Хама доно шудаем», «Зиндааст Ленин»), Пайрав Сулаймони («Ба муносибати инкилоби Бухоро») ва дигар анъанаи Айниро идома доданд.

С. Имромов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …