Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУРУД

МУРУД

nokМУРУД, муруд, нок, анчирак (Pyrus tadshikistanica), дарахтест аз оилаи настаранихо. Баландиаш 15—20 метр, диа­метри танааш 35 —40 сантиметр; дар махалдои гармсер одатан дарахти пасткади паттамонанд, баландиаш 2—4 метр, диаметри танааш 10—15 сантиметр. Пустлохи танаи кухнааш хокистарранг, шохчахои яксолааш кахваранги сурхтоб, баргаш мудаввар  ё  тухмшакли ода­тан дурушту чармгун (дарозиаш 6—7 сантиметр); баргхои Муруде, ки дар чойхои беоб меруяд, майдатар (2,5—2,8 сантиметр), хушагулаш 5—6-гула, мевааш мудаввар ё дарозруя (баъди пухтан зард ё каме сабзтоб), таъмаш нордон ё каме талхмаза (меваи дарахти худруй), тухмаш калон (0,7—0,8 сантиметр), сиёхи чилодор (дар як дона мева 3—4 тухм). Апрел— май гул карда, сентябр— октябр мевааш мепазад. Муруди худруй факат дар Помиру Олой ва Тиёншони Гарби меруяд. Дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, (каторкуххои Хисору Дарвоз ва нохияхои Точикистони Чануби) асосан дар минтакаи бешазори пахнбарг ва шиблак (1400—1600 метр аз сохили бахр) месабзад. Нихоли Муриди хасакро асосан барои пайванд истифода мебаранд. Бисёр навъхои маъмули нок ва Муруди мазруъро дар натичаииба Муруди худруй пайванд кардани навъхои гуногуни ноку Мурид ба вучуд оварданд. Махсусан навъхои «Амруд», «Зармуруд”. «Тармуруд*, «Такмуруд», «Сафедмуруд» ва гайра машхуранд. Ба­рои ба вучуд овардани навъхои машхури «Нок» ва «Дилафруз», «Ношпоти» ва гайра Мурудро виз истифода кардаанд. Одатан намудхои худруи нок ва як катор навъхои богии онро из «Муруд» меноманд.

Адабиёт: Флора Таджикской Советский Социалистической Республики, том 4, Ленинград, 1975; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памира-Алая, Ленинград, 1976.

А. А. Ашуров.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …