Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУХИДДИНОВ Бадриддин Начмиддинович

МУХИДДИНОВ Бадриддин Начмиддинович

nophotoМУХИДДИНОВ Бадриддин Начмиддинович (таваллуд 16.12.1924, шахри Бухоро), рентгенологи совети, доктори илмхои тиб (1968), профессор (1970). Баъди хатми Институти давлатии тиббии Точикистон (1944) то соли 1947 мудири шуъбаи нигахдории тандурустии pайони Гарм буд.

Солхои 1948—50 сардухтури курорти Обигарм; 1951 —55 мудири шуъбаи нигахдорин тандурустии вилояти Гарм. Солхои 1956—57 дар Вазорати нигах-дории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон кор кар-

дааст. Солхои 1958—69 аспирант, ассистент, досент, аз соли 1970 мудири кафедраи рентгенология ва радиологиян Институти давлатии тиббии Точикистон. Асархои илмии Мухиддинов асосан ба балнеология ва масъалахои истафодаи изотопхои радиоактиви дар ташхиси беморихо бахшида шудаанд. Таъсири оби минералии курорта Хоча-обигармро ба руда ва талхадон омухт; имкониятхои истифодаи фосфори радиоактивиро барои ташхиси бармахали бемории гадудхо ва рудаи рост муайян кард; оид ба масъалахои комплексии ташхиси рентгению радиологии варами саратон тадкикот гузаронд. Мухиддинов муаллифи кариб 50 маколахои илми ва монография мебошад. Аъзои хайати тахририяи журнали умумииттифокии «Медицинская радиология» аст. Бо медалхо мукофотонида шудааст.

Асос: Радиационная диагностика заболеваний предстательной железы и прямой кишки, Душанбе, 1975.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …