Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУХАРРИК

МУХАРРИК

muharrikМУХАРРИК (ар. ба харакат оранда), мошини куввагиест, ки ягон намуди энергияро ба кори механики табдил медихад. Мухаррик вобаста ба навъхои худ кори механикиро аз ротори чархзананда, аз харакати пешравандаю баргардандаи поршен ё аз аппарати реактиви гирифта метавонад. Мухаррик мошинхои кори, воситахои наклиёти хушкигарду оби, хавоиву кайхони, дастгоххои истехсоливу техноло­ги, асбобхои коммуналиву рузгор ва гайраро ба харакат меоварад.

Мухаррикхое, ки захирахои табиии энергетики (сузишвори, энергияи бод, об ва гайра)-ро бевосита ба энергияи ме­ханики табдил медиханд, мухаррикхои а в в а л номида мешаванд. Гурухи калони Мухаррикхои аввалро мухаррикхои харорати ташкил медиханд. Мухаррикхое, ки энергияи мухаррикхои ав­валро ба кори механики табдил меди­ханд, Мухаррикхои сони ном доранд (масалан, Мухаррикхои электрии пневмати, баъ­зе навъхои Мухаррикхои гидравлики ва гайра) Мухаррикхо вобаста ба таъиноташон статсионари, сайёр, наклиёти мешаванд. Доир ба таърихи инкишоф ва икти­дори Мухаррикхои хозиразамон ниг. мако­лаи Мухаррики дарунсус, Мухарри­ки авиатсиони, Мухаррики ракети ва гайра.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …