Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МУГТЕППА

МУГТЕППА

mugteppaМУГТЕППА, димнаи кухандизи асри 5 то милод— асри 19 милод, ки дар теппаи Муг дар канори шимоли шаркии Уротеппа вокеъ аст. О. И. Смирнова ва Н. Н. Неъматов солхои 1950—*74 дар Мугтеппа хафриёт гузарониданд. Масохати Мугтеппа 6 гектар буда, бо деворхо ихота гардидааст, ки дарозиаш такрибан 600 метр мебошад. Баландин деворхо дар Шарк 15 метр ва дар Гарб то 64 метр аст. Баъзе бокимондаи икоматгоххо танхо дар кунчи гарбии Мугтеппа ба назар мерасанд. Ягона даромадгох дар девори чануби вокеъ буд. Дар кабати археологии аз хама кадимтарини Мугтеппа зарфхои сафолии си-линдршакл ва чом, мухри начандон калони биринчии дастадор, акси шери канотдор ёфт шуд. Дар кисми шимоли гарбии Мугтеппа (объекти VII) боки-мондаи деворхои калъа, бурчи дорои тиркашхое, ки бо тартиби шохмот чой гирифтаанд ва иншооти наздидевории шахр, зарфхои сафоли (асри 2 то милод— асри 3 милод) кашф гардид. Аз ин чо инчунин деворхои калъа якчанд хонахои мансуб ба асрхои 5—8 ва бозёфтхои нодир—бутчаи гилини шабехи сари одам, зангулачаи биринчи, пайкони сепара ва косача — чилими дастии сепоя ёфт шуданд. Бокимондаи комплекси касри беки асрхои 18— 19, дар маркази димна масчиди калони мусулмонии асрхои 18—19 кушода шудаанд. Мугтеппа вазифаи кушки мустахкамро адо карда, дар асрхои миёна ва давраи нав ба хайати шахри Уротеппа гузашт.

Н. Неъматов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …