Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛИКИЯТИ ШАХСИ

МОЛИКИЯТИ ШАХСИ

molikiyati-shakhsiМОЛИКИЯТИ ШАХСИ дар СССР, моликияти индивидуалии гражданхои советист (даромадхои мехнати ва пасандоз, асбобу анчоми рузгор ва истеъмоли шахси), ки ба мехнати шахси асос ёфтааст. Колхозчиён мувофики Устави артели хочагии кишлок метавонанд участкаи наздихавли (хаёти), чорвои сермахсул, мурр ва олоти майдаи хочагии кишлок дошта бошанд. Моликияти шахси кисми таркибии сарвати миллии мамлакат аст. Мувофики конунгузории совети гражданхо ба Моликияти шахси, ба мерос гирифтани он хукук доранд. Давлат моликияти чамъиятии социалисти — асоси социализмро аз хар чихат мухофизат ва афзун карда, дар баробари он Моликияти шахсии мехнаткашонро хифз менамояд, ки афзудани он ба зиёд шудани моликияти чамъиятии социалисти вобаста аст. Моликияти шахсие, ки дар СССР ва дигар мамлакатхои социалисти вучуд дорад, аз Моликияти шахси мамлакатхои капиталисти ба кулли фарк мекунад. Дар замони социализм, ки воситахои истехсолот моликияти чамъиятист, Моликияти шахси ба конеъ гардондани талаботи модди ва маънавии халк мусоидат мекунад ва хеч гох барои истисмори мехнати кироя истифода бурда намешавад. Ниг. низ Моликият.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.