Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МОЛИКИ ДАЙЛАМИ

МОЛИКИ ДАЙЛАМИ

nophoto-manМОЛИКИ ДАЙЛАМИ (1518, Казвин — 1562, хамон чо), хушнавис ва шоир. Аз оилаи донишманд. Молики Дайлами навиштани хатхои сулсу насхро аз падараш омухтааст. Молики Дайлами дар навиштани ин навъи хат чунон мохир шуд, ки хати у хатто аз хати Ёкути Мустаъсими кам фарк мекардааст. Баъдтар аз руи навиштахои Миралии Хирави хати настаълик ва дигар навъхои онро мукаммал омухт. Илмхои машхури замонаш, аз чумла сарфу нахв, маони, баён, мантик, риёзиёт ва хикматро назди Хоча Чамолуддин Мухаммади Шерози аз худ кардааст. Рустамали, Хофиз, Бобочон, Хусайни Таброли, Шохмахмуди Машхади ва Кутбуддини Язди аз шогирдони Молики Дайлами будаанд. У муддате дар хизмати Ибрхиммирзои Сафави буд. Аз осори хаттотии у як мураккао махфуз мондааст (китобхонаи Истамбул), ки бо дастур ва сарварии Молики Дайлами чамъовари ва саххофи шудааст. Oн осори бехтарин хушнависон ва мусаваирону тазхиби музаххибони асрхои 9-10-ро дар бар гирифтааст. Дебочаи ин мураккаъ ба калами Молики Дайлами тааллук дорад. Хамчунин рисолаи «Хусн ва дил»-и Фаттохи Нишопури (1548) ва як китъа (1562) дар Китобхонаи оммавии ба номи Салтыков-Щедрини Ленинград махфузщанд. Намунаи осори хаттотии у дар дигар китобхонахои чахон низ дида мешавад.

К. Махсумов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …