Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЖАТОШ

МОЖАТОШ

mМОЖАТОШ, кабристони давраи сакоихо дар Помири Шарки, 12 км чанубтар аз Кизилработ, ки дар сохили чапи д. Оксу вокеъ аст. Ман­суб ба асрхои 7—3 то м. Солхои 1958—59 кашф ва тадкик карда шудааст. Можатош аз ду кабристон иборат буда, шартан Можатоши I ва Можатоши II ном гирифтааст. Можатоши I аз 20 пушта иборат буда, масохаташ 100 X 60 м2. 13 пуштаи он тадкик гардидааст ва асосан кабрхои кудаконанд; баъзе кабрхо, ки пештар кушодаанд, хароб шудаанд. Пуштахоро аз сангхои гуногунхачм доирашакл сохтаанд. Часадхо дар холите, ки дасту пояшон кат аст, якпахлу (ру ба шарк) дафн шудаанд. Аз кабрхо зарфхои сафоли, асбобхои ороишии биринчи, мунчоку марчонхо ёфт шудаанд. Можатоши II. аз 10 пушта иборат буда, дарозиаш 65 м аст. Дар натичаи тадкики 6 пушта маълум гашт, ки дар ин чо мардону занон гуронида шудаанд. Пуштахо­ро аз сангхои калони росткунча ва доирашакл сохтаанд. Часадхо дар холате, ки дасту пояшон кат аст, руболо ва якпахлу (ру ба шорк) хобидаанд. Аз кабрхо зарфхои чуби, сафоли, биринчи, бокимондахои матоъ, устухонхои гусфанд, камар Go иди чанги бо ороишоти биринчи ханчари биринчию охани дар гилофи чарми, сипари чарми, акинак ва пайконхои биринчи ёфт шудаанд, Садафхое, ки аз кабрхои Можатош ба даст омадаанд, аз робитаи кадимии Помиру Хиндустон шаходат медихад.

Ф. Лбдуллоев

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.