Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКРОСКОПИ ЭЛЕКТРОНИ

МИКРОСКОПИ ЭЛЕКТРОНИ

mikroskopi-elektroniМИКРОСКОПИ ЭЛЕКТРОНИ, асбобест барои мушохида ва чандкарата калон карда гирифтани тасви­ри объект (дар он ба ивази нури рушнои дастаи электронхои фавкуссуръат истифода мешаванд).

Микроскопи электрони тасвири предметро садхо хазор маротиба калон мекунад. Микроскопхои элекронии мусаффо (шаффофобъект), инъикоскунанда, растри, эмиссиони, оинаги ва г. мавчуданд. Дар Микроскопи электронии мусаффо дастаи электронхо аз объект гузашта онро «равшан» мекунад. Барои он ки моддаи объект электронхоро фуру набарад, бояд гафсии объект хурд (100—1000 А) ва энергияи электронхо калон бошаду тамоми системаи оптикиву объект дар вакуум чойгир кар­да шаванд. Микроскопи электронии инъикоску­нанда аз руи системаи электрони- оптикии худ ба Микроскопи электронии мусаффо монанд аст, лекин мехвари системаи тасвирии он нисбат ба мехвари си­стемаи электрони — оптики тахти кунч чой гирифтааст. Электронхо ба сатхи объект тахти кунч меафтанд, объект бошад, онхоро пароканда мекунад ва электронхо дар системаи оптики чун тас­вири сатхи объекти тадкикшаванда чамъ ме­шаванд. Микроскопи электрониирастри (элементи асосии он растр — панчара барои тагйири структурии дастаи шуоъ ё дастаи заррахо) объектхоеро тадкик мекунад, ки барои электрон «ношаффофанд».  Чунин Микроскопи электрони  дастаи электронии борикро бода метавонад (массаёрии системаеаш 67 т). ки дастаро кад-кади сатхи объект майл медихад, ба намуди растр пахн мекунад. Дастаи электронии аввал аз хамаи элементхои сатх инъикос гардида, эмиссияи электронии сониро ба вучуд меорад ва аз он тавсифи сатхро муайян кардан мумкин мегардад. Микроскопи электронии эмиссиони объектхоеро тадкик мекунад, ки худашон электрон меафкананд. Дар ин маврид худи объект тасвири электронии авваларо ба вучуд меорад ва сипас бо линзаи магнити ё электро­статики калон карда мешавад. Дар намаи навънои Микроскопи электрони тасвир ба экрани люмпнесценти ё фотопластина проекция ва сабт карда мешавад. Кобилияти тафрикаи микроскопхои электронии муосир 1—2 А буда, бо ёрии онхо тасвири объектро то 10е хазор маротиба калон кардан мум­кин аст.

Бо ёрии Микроскопи электрони тасвирхои хамворихои атом ин алохида, манзарахои дислокациони (дар металлхо ва хулахо), структураи кристаллии моддахо ва г. омухта мешаванд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …