Маълумоти охирин

МЕРИMЁ

merimeМЕРИMЁ (Merime) Проспор (27. 9. 1803, Париж— 23. 9. 1870, Каин), нависандаи франсави. Аъзои Академияи Франция (аз с. 1844). Аз оилаи рассом. Факултети хукуки Университети Сорбоннаро хатм кардааст (1823). Дар мачм. пьесахои романтикии Мермиё «Театри Клара Гасуль» (1825) таваччух ба мамлакатхои ачоибу гароиб ба назар мерасад. Мермиё ин пьесахояшро ба актрисаи хаёлии испания нисбат додааст. Мачмуаи Мермиё «Гуэла дар пайравии сурудхои халки эчод гардида, характери кахрамононро, ки ба зиддияти чамъият дучор шудаанд, ошкор менамояд. Вокеаномаи драмавии «Макерия» (1828) ва романи «Таърихи салтанати Карли IX» (1829) гузаштаи таърихии Францияро намоиш медиханд. У дар новеллахои худ образхои барчаста офаридааст. Мермиё ба адабиёту санъати рус таваччухи зиёде дошт; асархои А. С. Пушкин, Н. В. Гоголь, И. С. Тургеневро тарчума кардааст. Мачмуаи хикояхои Мермиё—«Хикоёт» соли 1968 ба забони точики тарчума ва нашр шудааст.

Ос.: Собр. соч., т. 1—6, М.. 1969.

Ад.: История французской литературы, т. 2, М., 1956; Паевская А. В.,

Данченко В. Т., Проспер Мериме. Библиография русских переводов и критической литературы на русском языке, 1928—1967, М., 1968.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …