Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЛЬЕ

МЕЛЬЕ

nophotoМЕЛЬЕ (Mealier) Жан (июни 1664, Мазерни — байни 28. 6. ва 6. 7. 1729, Этрепиньи), файласуфи материалист, атеист, коммунисти хаёлии франсави. Писари бофандаи дехоти. Бо хости падару модараш рухонии деха шуд (аз 1689). Ягона асараш «Васият» (бори авв. пурра с. 1864 дар Амстердам чоп шуд)-ро чанде пеш аз вафоташ навишта тамом кард. Дар он Меле сохти мутлакияти феодалии Францияро хаматарафа ва сахт танкид кард. У зиддияти байни халк ва «бузургони олам»-ро оштинопазир медонист, Акидаеро дар бораи «хокими бомаърифат», ки у гуё дар хизмати чамъият аст, рад карда халкро ба революция даъват менамуд. Меле тархи чамъияти идеалии коммунистиро чунин тасвир кардааст: хамаи одамони як махал бояд дар як оила — чамоае муттахид шаванд, ки дар он моликият умуми буда, хама мехнат мекунанд ва бо хам ёpy бародаранд; чамоахо бо максади хифзи амният ва ёрии хамдигари бо хам ахду паймон мекунанд. Дар таълимоти Меле дин хаматарафа танкид шудааст. Меле хамчун маорифпарвар пайдоиши динро натичаи фиреби махз донистааст. Сарчашмахои назариявии материализми Меле атомистикаи атика ва физикаи Р. Декарт буданд. Меле азалияту абадияти материя ва ягонагии моддии оламро тасдик карда, метафизикаи Декарт, идеализми Н. Мальбранш ва фалсафаи динию идеалистиро танкид мекард. Акидахои фалсафии Меле ба ташаккули чахонбинии материалистони асри 18 франсави таъсири зиёд гузоштанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …