Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕХАНИКАИ БИНОКОРИ

МЕХАНИКАИ БИНОКОРИ

mekhanikai-binokoriМЕХАНИКАИ БИНОКОРИ, илмест дар бораи принцип ва методхои хисобу китоби мустахками, сахти, устувори ва лаппишхои иншоот. Механикаи бинокори асосан системахои милашакли хамвор, системахои фазои, инчунин системахоеро меомузад, ки аз пластикаю чилдхо иборатанд. Дар вакти хисобу китоби иншоот таъсироти гуногуне ба назар гирифта мешавад, ки асоситарини онхо борхои статикию динамики ва тагйири харорат мебошанд. Максади хисобу китоби муайян кардани шиддатхои дохилие, ки дар элементхои система пайдо мешаванд, мукаррар намудани кучиши нуктахои алохидаи система ва ошкор кардани шартхои устуворию лаппишхои система мебошад. Мувофики натичахои хисобу китоб андозахои буриши элементхой чудогонаи конструкция, ки кори боэътимоди иншоот ва сарфи минималии масолехро таъмин мекунад, мукаррар карда мешаванд. Назарияи хисобу китоб, ки Механикаи бинокори кор карда мебарояд, ба методхои механикаи назарияви, назарияхои чандири, пластики ва лагзиш асос меёбад. Механикаи бинокориро баъзан назарияи иншоот хам меноманд. Номи пештараи Механикаи бинокори— статикаи бинокори — замине пайдо шуд, ки Механикаи бинокори масъалахои Хисобу китоби динамикиш) (ниг. Динамикаи иншоот) дар бар намегирифт.

Асархои Ч К. Максвелл, А. Кастильяно (Италия), Д. И. Журавский ба ташаккули илми М. б. асос гузоштанд. Корхои М. В. Остроградский, Ч Рэлей, А. Сен-Венан доир ба динамикаи иншоот, тадкикоти Ф. С. Ясинский, С. П. Тимошенко, А. Н. Динник, Н. В. Корноухов ва г. оид ба методхои хисобу китоби устувории иншоот ахамияти калони илмию амали доштанд. Дар инкишофи хамаи сохахои Механикаи бинокори олимони совети муваффациятхои калон ба даст овардаанд. Тадкикотхои В. В. Болотин (доир ба назарияи боэътимоди ва методхои статики дар М. б), И. И. Гольденблат (доир ба динамикаи иншоот), А. Ф. Смирнов (доир ба устувори ва лаппиши иншоот) ва г. ба масъалахои мухими Механикаи бинокори бахшида шудаанд.

Ад.: Спитко Н. К., Строительная механика, 2 над., М., 1972; Болотин

В. В., Гольденблат И. И., Смирнов А. Ф., Строительная механика, М., 1972.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …