Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАЛШКО Андрей Самойлович

МАЛШКО Андрей Самойлович

МАЛЬШКО Андрей Самойлович (14. 11. 1912, дехаи Обухов, хозира вилояти Киев —17. 2. 1970, Киев), шоири советии украин. Аъзои КПСС аз соли 1943. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—45). Асархояш аз соли 1930 нашр шудаанд. Маям, аввалини Малышко «Ватан» (1936) ном дорад. Ашъори давраи аввали Малышко бештар характери лирики дошта, самими ва пурхаячонанд (мачмуаи «Лирика», 1938, «Таваллуд ёфтани писарон», 1939 ва г.).

МАЛШКО Андрей СамойловичДостонхои «Ярина» (1938), «Кармалюк» (1940), «Андешахо дар бораи казак Данила» (1941) аз гузаштаи халки украин хикоят мекунанд. Эчодиёти давраичангии М. аз гояхои ватанпарварии совети саршор аст (мачмуахои «Украинаи ман», 1942; «Мухориба», 1943; достони фалсафии «Прометей», 1946)..

Дар достони «Ин дар субхидам буд» (1948) симои колхозчизанони Украина тасвир шудааст. Малышко муаллифи мачмуаи шеърхои сиёсии «Дар он тарафи бахри кабуд»-и(1950), мачмуаи ашъори лирикии «Нимарузии аср» (1960), «Шаффофи» (1962) ва г аст. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1947, 1951, 1969). Асархои Малышко ба бисьёр забонхои чахон тарчума шудаанд. Намунаи  ашъораш ба забони точики ба табъ расидааст: мачмуаи «Киссаи нотамом» (1961). Лауреати Мукофоти давлатии РСС У ба номи Т. Г. Шевченко (1964). Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.

Ос.: Стихи и поэмы, М., 1962; Дорога под яворами, М., 1967.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …