Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МАКТАБХОИ ПАРТИЯВИИ КПСС

МАКТАБХОИ ПАРТИЯВИИ КПСС

МАКТАБХОИ ПАРТИЯВИИ КПСС, мактабхои олии партияви (МОП), республикавию байнивилояти барои тайёр кардани кадрхои рохбарикунандаи партияви ва совети. МОП ду шуъба доранд. Барои шахсони дорои маълумоти олии (муддати тахсил 2 сол) ва шахсони дорои маълумоти миёна (муддати тахсил 4 сол). Ба МОП аъзоёни партия бо тавсияи КМ ИK республикахои иттифоки, комитетхои вилоятию кишварии КПСС (аз синни 35—40 солаги), ки камаш стажи 3-солаи партияви ва дар корхои партияви, совети, комсомоли, журналисти тачриба доранд, инчунин коммунистон — коргарон ва колхозчиёне, ки кобилияти ташкилотчигии худро дар органхои интихобии партияви ва совети нишон додаанд, кабул мешаванд. Дар МОП кафедрахои таърихи КПСС, фалсафаи марксисти-ленини, иктисоди сиёси, коммунизми илми, сохтмони партияви, сохтмони давлати совети ва хукук, харакати байналхалкии коммунисти ва милли-озодихохи, иктисодиёти совети ва идоракунии хочагии халк, журналистика, забони руси, забонхои хоричи ва г. мавчуданд. МОП оид ба омухтани проблемахои такмили услуби усулхои фаъолияти партиявию давлати кори илмию тадкикоти мебаранд.

partiya-kpss

Бо рохбарии КМ КПСС ва КМ ПК республикахои иттифокии дахлдор, комитетхои вилоятию кишварии КПСС кор мекунанд. Рохбарии таълимию методи ба МОП ба зиммаи Мактаби олии партияви ва Мактаби гоибонаи олии партиявии назди КМ КПСС (аз марти 1978 АИЧ-и назди КМ КПСС) гузошта шудааст. Нахустин мактабе, ки кадрхои партияви тайёр мекард, Мактаби партияви дар Лонжюмо буд. Пас аз Револютсияи Октябрь курсхо, мактабхои совети ва партияви, Университети коммунисти ба номи Я. М. Свердлов ташкил карда, шуданд. Дар асоси карори КМ партия аз 2 августи 1946 Академияи илмхои чамъиятшиноси дар назди КМ КПСС ташкил карда шуд. Дар назди КМ ПК республикахои иттифоки, комитетхои вилоятию кишварии КПСС низ МОП ташкил карда шудаанд. Солхои 1046—58 МОП-ро зиёда аз 60 хазор нафар хатм намуданд. Холо 14 МОП-и байниреспубликави ва вилояти мавчуданд. Солхои 1940 74 МОП-ро зиёда аз 100 хазор нафар хатм карданд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …