Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАХСУЛОТИ ЗАРУРИ

МАХСУЛОТИ ЗАРУРИ

mahsulotМАХСУЛОТИ ЗАРУРИ, кисми махсулоти чамъиятиест, ки коргарони сохаи истехсолоти модди тайёр мекунанд ва он аз нуктаи назари шароити ичтимоию иктисоди барои баркарор намудани кобилияти чисмонию маънави, хаёти муътадили коргар ва ахли оилаи он зарур аст. Муддати истехсоли Махсулоти заруриро вакти зарурии кор, мехнати дар ин давра сарфшударо мехнати зарури меноманд. Андозаи Махсулоти зарури аз руи микдори мачмуи махсулоти чамъияти ва таносубе, ки Махсулоти зарури ва махсулоти изофа дорад, дар он мачмуи махсулоти чамъияти муайян карда мешавад. Дар формацияхои синфии антагонисти ин таксимот характери истисмори дорад, зеро синфхои хукмрон махсулоти изофаро аз хисоби пурзур кардани истисмори коргар ва махдуд намудани Махсулоти зарури зиёд мекунонд. Максади тараккии истехсолоти капиталисти истехсол ва аз худ кардани арзиши изофа аст. Капиталистон доимо харакат мекунанд, ки махсулоти изофаро аз хисоби кам кардани Махсулоти зарури зиёд намоянд. Баробари тараккии капитализм дар асоси баланд бардоштани хосилнокии мехнати чамъияти (дар навбати аввал дар сохахое, ки молхои истеъмоли ба вучуд меоваранд, хамчунин дар сохахое, ки барон сохахои истехсолкунандаи молхои истеъмоли воситахои истехсолот тай­ёр мекунанд) хиссаи Махсулоти зарури дар мач­муи махсулоти чамъияти махдуд мегардад. Аммо дар катори омилхое, ки боиси кам шудани Махсулоти зарури мешаванд, тамоюлхои ба хам зид, пеш аз хама муборизаи синфи коргар дар мамлакатхои капиталисти барои баланд бардоштани музди кор ва хукукхои ичтимои зохир мегарданд. Пурзур шудани шиддати мехнат зарурати зиёд намудани пулро ба амал меоварад. Дар давраи социа­лизм, дар шароити мувофики план ташкил кардани истехсолоти чамъ­ияти ва хукмрон будани моликияти чамъияти энтагонизми байни махсулоти зарури ва изофа тамоман бархам мехурад. Такрористехсоли Махсулоти зарури бо талаботи баркарор кардани кувваи коргар махдуд нашуда, бал­ки ба максадхои хаматарафа инкишоф додани кобилияти маънави ва чисмонии коргарон тобеъ карда мешавад. Дар процесси таксимот як кисми Махсулоти зарури ба воситаи таксими мувофики мехнат барои истеъмол, кисми дигари он ба фоидахои чамъиятии истеъмол (дар шакли пулдихи ва хизматрасони) равона карда ме­шавад. Махсулоти зарури бевосита хам ба истеъмоли индивидуали (махсулоти истеъмоли, сару либос ва г.) ва хам ба истеъмоли коллективи (мактабхо, китобхонахо, муассисахои муоличавию санитари ва г.) сарф ме­гардад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.