Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАХМУДИ КОШГАРИ

МАХМУДИ КОШГАРИ

nophotoМАХМУДИ КОШГАРИ ибни Хусайн ибни Мухам­мад (1029—38, Кошгар —соли вафот номаълум), муаррих, географ ва забоншиноси туркизабони Осиёи Миё­на. Маълумоти тарчимаихоли хеле кам аст. Махмуди Кошгари дар давраи хукмронии Карахониён зиндаги ва эчод карда, борхо дар сухбати олимони Бухоро ва Самарканд хузур ёфта буд. У бо асари худ «Девону лугот-ит-турк» машхур гаштааст. Асар доийр ба забони турки, хусусиятхои он, этимологияи баъзе истилохот, дар бораи халкхои Осиёи Миёна ва г. маълумотхои гуногунро дар бар мегирад. Махмуди Кошгари ба асар харитаи дунёро хамрох намудааст. Дар харита шахрхо, дехахо, куххо, биёбонхо, агбахо, бахрхо, кулхо, дарёхо ва г. хеле аник акс ёфтаанд. Номхои Шош (Тошкент), Самарканд, Хучанд, Маргинон (Маргелон) Куба (Кува), Косой, Кошгар, Ерканд, Чайхун (Аму), Хаворазм (Хоразм), Русь, Саколибо (Славянхо) ва г. низ вомехуранд. Мероси илмии Махмуди Кошгари манбаи мухимест барои омузиши таъриху географияи асрхои миёнаи мамлакатхои Шарк.

Ас.: Туркий сузлар девони (Девону лугот ит-турк), (3 чилд), Тошкент, 1900—63.

Ад.: Хасанов Х., Махмуд Кошгари, Тошкент, 1963.

А. Валиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …