Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «КАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

«КАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

«КАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ» (дастуруламали илмиест доир ба тиб. Муаллифи китоб Мухаммад Акмалхон (тав. номаълум; ваф.— такр. 1907), илми тибро аз бобояш Хаким Мухаммади Аъзамхон омухтааст. Азбаски ба ин асар кисме (693 номгуи беморихо ва табобати онхо) аз «Карободини Аъзам», дохил аст, китоб номи худи муаллиф ва бобои уpo гирифтааст. К. хачман калон буда, ба забони адабии фасехи точики таълиф шудааст. Дар он рочеъ ба муоличаи беморихои cap, сина, шинам, узвхои даруни кос, узви таносул ва похо сухан меравад. Номи давохо бо тартиби алифбои форси навишта шудаанд. Давои дар як бемори аз чихати навъ ба фаслхо кисмат шудааст. Чунончи, фасли аввали боби якум ба иёрачот (дорухои амрози магзи cap), фасли дуюм ба итрифалот (доруе, ки аз балила, халила ва омула иборат аст), фасли сеюм ба анушдорухо, чорум ба инкибоб (компрессхои гарм), панчум — ба обзанхо оиданд. Ба хар як иллат микдори зиёди давохо тавсия шудааст. Дар К. хамаги дар бораи 5607 доруи мураккаб, ки дар яке барои муоличаи 10—15 бемори таъин шудааст, маълумот аст.

Асари мазкур с. 1327 хичрии камари (с. 1908) дар Дехли ба табъ расидааст. Як нусхаи чопии К. дар Гандиная дастнависхои шаркии АФ РСС Точ. махфуз аст.

Х. Зохидов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.