Маълумоти охирин

ХИРОЧ

ХИРОЧ, (араби, хароч, андозост, ки аз махсулоти замин гирифта мешуд. Дар мамлакатхои Шарк, аз чумла Осиёи Миёна ба замин хироч меандохтанд.

Хирочро асри 7 дар Осиёи Миёна арабхо чори карданд. Дар ахди Тохириён ва Сомониён (асрхои 9—10) давлат аз ахоли мунтазам хачми мукарраршудаи хирочро (баъзан хатто соле ду маротиба аз хисоби соли оянда) меситонид. Xироч дар Бухоро аввал кам (камтар аз 200 хазор дирхами нукра) буд. Дар ахди Карахониён, Газнавиён ва Салчукиён (асрхои 11—12) аъёну ашрофоне, ки мулкхои калон ва имтиёзхои зиёде доштанд, одатан хироч намедоданд.

Xироч хамчун андози асосии замин— рента дар ахди Темур ва Темуриён бо ду усул: моли (як хиссаи хосилро мегирифтанд) ё пули (аз руи масохати замин) ситонида мешуд. Вале хирочро асосан дар шакли мол (мувофики коида аз се як хиссаи хосили замини киштро мегирифтанд) меситонданд. Дар рафти чангхои байнифеодали аксар ба гайр аз андозхои дигар аз ахоли соле якчанд маротиба хироч мегундоштанд. Дар давраи хонихои Осиёи Миёна барон гундоштани хироч дар хар нохияю дехахо саркор, девонбеги ва мухассил  таъин менамуданд. Хони Хева Мухаммадрахими 1 (4775—1325) хирочи пули чори намуд. Мувофики он хироч аз микдори хосили гундошта не, балки вобаста ба хочаги ва масохати замин гирифта мешуд. Дар Осиёи Миёна баъди галабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр хироч бархам хурд. Ф. Курбонов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …