Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ХИМИКОНИИ ХОЧАГИИ КИШЛОК

ХИМИКОНИИ ХОЧАГИИ КИШЛОК

ХИМИКОНИИ ХОЧАГИИ КИШЛОК, истифодаи моддахои химияви дар чараённ истехсолоти хочагии кишлок; яке аз унсурхои асосии интенсивонии хочагии кишлок ки ба афзоиши махсулоти хочагии кишлок нигаронида шудааст. Xимиконии хочагии кишлок як чузъи химиконии хочагии халк мебошад, ки он ба саноати химия асос ёфтааст. Xимиконии хочагии кишлок масъалахои истифодаи нурихои минерали, воситахои химиявии хифзи растанию хайвонот аз зараррасону касалихо, воситахои мубориза бо алафхои бегона, ба кор бурдани масолехи химияви дар чорводори, полимерхо ва дигар маснуоти химияви дар мелиорацияи замин ва гайраро дар бар мегирад.
Истифодаи нурихои минерали якс аз масъалахои асосии Xимиконии хочагии кишлок мебошад. Соли 1982 хочагии кишлоки республика 130,6 хазор тон нурихои нитрогендор. 70,9 хазор тон нурихои фосфордор, 17,2 хазор тон нурихои калийдор гирифт. Дар хочагии кишлок истифодаи нурихои моеъ (махсусан нурихои нитрогендор ва микронуринхо) ва нурихон бактерияви низ меафзояд. Аз нурихои бактерияви дар хочагии кишлок бештар нитрагдаро истифода мебаранд.
Дар СССР, аз чумла дар Точикистон, усулхои мелиорацияи химиявии заминро самарабахш истифода мекунанд. Гачандози ва охакандози туршии хокро паст карда, таркиби химияви ва хосилхезии онро бехтар мегардонад. Дар хочагии кишлок барои тезонидани рушди растани ва афзудани хосили он, решадавонии каламча ва расиши мева танзимкунандав рушди растанихо (гиббереллинхо, кининхо, ауксинхо ва гайраро ба кор мебаранд. Барои тезтар пухта расидани пахта, офтобпараст, канакунчид ва гайра аз десикантхо ва дофолиантхо истифода мекунанд. Соли 1982 колхозу совхозхои республика дар 334 хазор га пахтазор дефолиасия ва десикасия гузарониданд.
Саноати химия барои бархам додани зараррасону касалихои зироати хочагии кишлок ва алафхои бегона моддахои химияви, барои чорводори бошад фосфатхои хуроки чорво, карбамид, премикс, сафедаи микробиологии хуроки чорво, орди мохи, амипокислотахо, антибиотикхо, витаминхои гуногун мебарорад. Дар натичаи ба хуроки камсафедаи чорво хамрох кардани карбамид аз хар сар гов 10—12 кг зиёдтар шир медушанд.
Соли 1980 хочагии кишлоки Точикистон 2,3 хазор тон (ба хисоби вохиди шарти) иловахои химиявии хуроки чорво гирифт.
Дар хочагии кишлок масолехи полимери низ ахамияти калон дорад. Масолеху маснуоти полимериро дар сохтмони гармхонаю парвардахонахо, анборхои муваккатии галла, сохтмони иншооти обёри, обанборхо, тайёр кардани кубурхои захбур ва гайра фаровон истифода мебаранд.
Барои бо муваффакият ба амал баровардани Xимиконии хочагии кишлок механизасия хеле мухим аст. Дар хочагии кишлок барои захролудонии тухми, дезенфексия ва дезинсексия, тайёр кардани моддахои захрноки химияви, пошидани нурихои моеъ, гербисиду фумигантхо ва гайра нурипошак, порупошак, тухмипошак, дорупошак, култиватор, фумигатор ва дигар дастгоху мошинхои гуногунро истифода мекунаяд. Дар СССР ба инкишофи Xимиконии хочагии кишлок умури агрохимиявии давлати мусоидат менамояд.
Адабиёт: Справочний книга химизации селского хозяйства, Москва, 1969; Нарзикулов (М. Н., Коваленков Л. Г., Основы интегрированной защиты хлопчатника от предителей и болезней Средней Азии, И., 1977; Народное хозяйство СССР в 1980 г., Москва, 1981. У. Рахматуллоев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …