Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ ОРГАНИКИ

ХИМИЯИ ОРГАНИКИ

ХИМИЯИ ОРГАНИКИ, илмест, ки моддахои органики (пайвастхои карбонро бо элементхои дигар) ва конунхои табаддулоти онхоро меомузад. Карбон бо аксар элементхо пайваст хосил мекунад. Дар Xимияи органики хар як карбогидрид катори генетнки дорад. Катори генетикиро дар натичаи ба ин ё он гурухи функсионали, ки хосияти химиявии ин моддахоро муанян мекунад, иваз кардани атоми карбогидриди мазкур хосил мекунанд. Масалан, хлориди метил СН3СI, спирти метил СН3ОН, метиламин СНЗNH2, нитрометан CНзNО2 ва гайра ба катори генетикии метан мансубанд.

ximiyai-organiki
Химияи органики таърихи бисёрсола дорад. Хануз то асри 4 м. одамон аз шираи ангур шаробу сирко тайёр карда, баъзе моддахои табиии органикиро чун дорувор истифода мебурданд; римихо ба чарбу собун тайёр мекарданд. Ваъдтар (асри 4 м.) усули ба найшакар тайёр намудани канд маълум гардид. Дар натичаи истифодаи усулхои бугрони бошад аз наботот як катор равганхои эфири, спирти чуб (спирти метил), кислотаи сирко ва якчанд моддахои дигар чудо карда шуданд.
Дар СССР оид ба Химияи органики дар инсттутхои тадкикоти илмии Академияи Фанхои СССР, Академияи Фанхои республикахои иттифоки, донишкадахои оли ва гайра тадкикот мебаранд. Дар РСС Точикистон масъалахои Химияи органики аз соли 1945 (баъди дар назди филиали точикистонии Академияи Фанхои СССР таъсис ёфтани лабораторияи илми) тадкик мешаванд. Дар инкишофи Химияи органикии Точикистон сахми В. И. Никитин арзанда аст. Тахти рохбарии у дар асоси асетилен садхо моддахои органики синтез карда шуданд. Олимони точик алхол доир ба химияи, нефт, химияи ангиштсанг, синтези панвастхои катори диасетилени, наххои химияви, пайвастхои табии ва гайра тадкикот мебаранд.
М. Самиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …